< Арабистони Саудӣ, Туркия ва Покистон паймони муштараки дифоӣ имзо мекунанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Арабистони Саудӣ, Туркия ва Покистон паймони муштараки дифоӣ имзо мекунанд

Арабистони Саудӣ, Туркия ва Покистон паймони муштараки дифоӣ имзо мекунанд
​Ба гузориши хабаргузории «Франс Пресс», як манбаи наздик ба артиши Арабистони Саудӣ, ки ба далели надоштани иҷозаи суҳбат бо расонаҳо нахостааст номаш гирифта шавад, гуфтааст, ки Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия ва Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, рӯзи ҷумъа созишномаи муштараки дифоиро дар Ҷидда имзо хоҳанд кард.


Ба гуфтаи ин манбаъ, гуфтугӯҳо дар бораи чунин паймон хеле вақтҳо идома дошт, аммо таҳаввулоти ахири минтақа раванди ниҳоӣ шудани онро суръат бахшидааст.

Ин таҳаввул дар ҳоле сурат мегирад, ки танишҳои минтақаӣ дар ҳоли афзоиш аст ва тайи моҳҳои гузашта гуфтумонҳо дар бораи талоши ин се кишвар барои ташкили як эътилофи қавитар бештар шудааст.

Бар асоси иттилои раёсати ҷумҳурии Туркия, Шаҳбоз Шариф ва генерал Осим Мунир, фармондеҳи артиши Покистон, рӯзи панҷшанбе вориди Арабистони Саудӣ шудаанд. Интизор меравад Раҷаб Тайиб Эрдуғон низ рӯзи ҷумъа ба Ҷидда сафар кунад.

Арабистони Саудӣ ва Покистон қаблан бар асоси як созишномаи муштараки дифоӣ, ки соли 2025 эълон шуда буд, ҳампаймон шудаанд. Ин созишнома, ба эҳтимоли дар бар доштани банде вобаста ба ҳамкориҳои ҳастаӣ, таваҷҷуҳи густардаеро ба худ ҷалб карда буд.
Дар моҳи январи соли равон, як манбаи наздик ба артиши Арабистони Саудӣ ба «Франс Пресс» гуфта буд, ки Туркия ба ин паймони дифоӣ намепайвандад. Аммо дар ҳамон замон як мақоми турк эълом карда буд, ки Анқара барои пайвастан ба ин эътилоф дар ҳоли гуфтугӯ аст.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий