< Сохтмони боз як корхонаи истеҳсоли семент дар Тоҷикистон оғоз шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сохтмони боз як корхонаи истеҳсоли семент дар Тоҷикистон оғоз шуд

Сохтмони боз як корхонаи истеҳсоли семент дар Тоҷикистон оғоз шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи сафари кориаш ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён ба сохтмони як корхона истеҳсоли семент санги асос гузоштааст. Ин чорумин корхонаи сементбарорӣ аст, ки баъди камчину гарон шудани ин навъи маҳсулот дар Тоҷикистон дар ду моҳи охир ба кор оғоз мекунад.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур имрӯз, 26-уми август, навишт, корхона дар деҳаи Нурафшони шаҳраки Бӯстонқалъаи Кӯшониён, дар масоҳати 30 ҳектар бунёд мешавад.

Акси аз Дафтари матбуоти раисҷумҳур
                                    "                                          
Масъули сохтусози он ширкати хусусии «Сементи Хуталон» буда, бояд то соли 2029 корро ба анҷом расонад. Барои бунёди ин корхона, ба иттилои расмӣ, ҳазор нафар ҷалб шуда, пас аз бунёд иқтидори солонаи он 1 миллиону 200 ҳазор тонна сементро ташкил хоҳад дод.
                                         
Ба навиштаи манбаъ, корхона дар наздикии кони оҳаксанги «Қурғонтеппа"-и Кӯшониён ҷойгир буда, ашёи хом барои истеҳсолот аз ҳамин минтақа дастрас мешавад. Баъди ба кор даромади корхона, ба иттилои расмӣ, беш аз 700 кас дар он кор хоҳанд кард.   
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки бунёди чунин корхонаҳо ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисодии минтақаҳо мусоидат мекунад.

Акси аз Дафтари матбуоти раисҷумҳур

Бояд гуфт, пас аз камчину гарон шудани семент дар Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон охири моҳи май дастур дод, ки то соли 2029 дар кишвар 4 корхонаи истеҳсоли семент сохта шавад.

Дар моҳҳои июн-июли соли ҷорӣ сохтмони ду корхонаи истеҳсоли семент дар деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб ва як корхонаи дигар дар шаҳри Истаравшан оғоз шуд. Дар назар аст, ки ин корхонаҳо то соли 2029 бо иқтидори солонаи 2 миллиону 400 ҳазор тонна семент, бунёд шаванд.

Мақомот умедворанд, ки корхонаҳои нав ба ду баробар афзоиши истеҳсол имкон дода, талаботи дохилиро пурра қонеъ мекунанд ва нархро ба эътидол оварда, ҳудуди 5 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам меоранд.

Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий