< Италия мехоҳад истифоди “бурқаъ” ва “ниқоб” дар мактабҳоро манъ кунад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Италия мехоҳад истифоди “бурқаъ” ва “ниқоб” дар мактабҳоро манъ кунад

Италия мехоҳад истифоди “бурқаъ” ва “ниқоб” дар мактабҳоро манъ кунад
​Ӯ рӯзи якшанбе дар ҳамоиши солонаи бахши ҷавонони ҳизби «Бародарони Италия» гуфт, ин масъала ба зудӣ дар ҷаласаи ҳукумат баррасӣ хоҳад шуд.

Ӯ гуфт, лоиҳаи пешниҳодшуда бархе падару модарони хонандагони хориҷиро, ки фарзандонашон дар мутобиқ шудани низоми маорифи Италия мушкилоти ҷиддӣ доранд, вазифадор менамояд, ки барои омӯзиши забони италиёӣ чораандешӣ намоянд.

Сарвазири Италия гуфт, истифодаи «бурқаъ» ва «ниқоб» дар мактаҳо низ бояд манъ карда шавад. Ӯ гуфт, хонандагон бояд бо чеҳраи кушода ба мактаб ҳозир шаванд.

Сарвазири Италия афзуд, ки ба баҳонаи расму оинҳо набояд занон ва духтарони ҷавон водор ба пӯшидани рӯй шаванд. Мақомоти Италия ҳанӯз шумораи ниҳоии хонандагони хориҷиро, ки метавонанд дар як синф таҳсил кунанд, мушаххас накараанд.
Бар асоси маълумоти як пажӯҳишгоҳи таҳқиқотӣ, тақрибан 11,6 фоизи хонандагони сабтиномшуда дар мактабҳои Италия шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

Италия аз ҷумлаи кишварҳои аврупоиест, ки ба он шаҳрвандони хориҷӣ ё паноҳҷӯён зиёд ворид мешаванд ва масъалаи муҳоҷирони хориҷӣ яке аз масъалаҳои пурбаҳс дар ин кишвар аст.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий