< Пизишкиён фардо Амрико меравад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Пизишкиён фардо Амрико меравад

Пизишкиён фардо Амрико меравад
​Масъули равобити умумии Дафтари раиси ҷумҳури Эрон хабар додааст, ки Масъуди Пизишкиён рӯзи сешанбе барои ширкат дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Ню-Йорк меравад.

Ҳабибуллоҳ Аббосӣ, мудири кулли равобити умумии Дафтари раиси ҷумҳури Эрон, рӯзи душанбе, 21-уми сентябр ба расонаи «ИРНА» гуфта, ки Пизишкиён барои ширкат дар 81-умин иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ рӯзи сешанбе ба Ню-Йорк сафар хоҳад кард.

Ба гуфтаи ӯ, суханронӣ дар иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ, дидору гуфтугӯ бо бархе аз раҳбарон ва мақомоти кишварҳои ширкаткунанда, мулоқот бо эрониёни муқими ИМА, инчунин, дидор бо намояндагони марказҳои таҳқиқотӣ ва коршиносони амрикоӣ аз барномаҳои сафари раиси ҷумҳури Эрон ба Ню-Йорк мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории «ИРНА» навиштааст, ки Доналд Трамп дар иқдоме, ки онро «бесобиқа ва душманона» номидааст, ба бархе аз аъзои ҳайати баландпояи Эрон, аз ҷумла аъзои гурӯҳи расонаии раиси ҷумҳури Эрон, барои ширкат дар нишасти Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк раводиди ИМА надодааст.

Бар асоси гузориши расонаҳо, 81-умин иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе, 22-юми сентябр дар қароргоҳи ин созмон дар Ню-Йорк оғоз мешавад ва шиори ин иҷлос «Барқарор кардани эътимод» аст.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий