< Макрон: “Бо ИМА барои боз намудани тангаи Ҳурмуз ҳамкорӣ мекунем” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Макрон: “Бо ИМА барои боз намудани тангаи Ҳурмуз ҳамкорӣ мекунем”

Макрон: “Бо ИМА барои боз намудани тангаи Ҳурмуз ҳамкорӣ мекунем”
​Макрон, ки барои ширкат дар иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Ню-Йорк рафтааст, рӯзи сешанбе бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, мулоқот кард.

Макрон баъд аз ин мулоқот дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии «Х» навишт, ки ду ҷониб тасмим гирифтаанд барои коҳиши таниш дар бозорҳои энергетикӣ, ҳифзи зерсохторҳои муҳим дар Ховари Миёна ва таъмини гашти озоди киштиҳо дар тангаи Ҳурмуз якҷо кор кунанд.
Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Фаронса, вазъи Баҳри Сурх низ аз мавзуъҳои дигари гуфтугӯ бо Трамп будааст. Вай гуфт, ин масъала барои нархи ҷаҳонии энержӣ аҳамияти муҳим дорад.

Макрон ҳамчунин, гуфт, Фаронса ва ИМА талошҳои худро барои боздоштани ҳамлаҳо ба зерсохторҳои энергетикӣ ва ғайринизомии Украина идома хоҳанд дод.

Раиси ҷумҳури Фаронса таъкид кард, ки аҳолии ғайринизомӣ бояд ҳифз шаванд ва музокироти ҷиддӣ дар бораи шароити сулҳ миёни Русия ва Украина ҳарчи зудтар оғоз гардад.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий