< Чин: Ҷобаҷокунии мушакҳои амрикоӣ дар Ҷопон хатари даргириро зиёд мекунад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Чин: Ҷобаҷокунии мушакҳои амрикоӣ дар Ҷопон хатари даргириро зиёд мекунад

Чин: Ҷобаҷокунии мушакҳои амрикоӣ дар Ҷопон хатари даргириро зиёд мекунад
Го Сзякун, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин, рӯзи душанбе гуфт, ки Пекин дар бораи ҷобаҷокунии мушакҳои амрикоӣ дар Ҷопон борҳо ба Токио тавассути роҳҳои дипломатӣ эътироз кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, Чин чанде пеш низ ба Ҷопон ёддошти дипломатӣ фиристода ва мавқеи расмии худро дар ин масъала баён кардааст.
Го гуфт, имсол аз оғози мурофиаи Токио 80 сол мегузарад. Ин мурофиа пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ барои баррасии ҷиноятҳои ҷангии Ҷопон баргузор шуда буд.

Вай афзуд, Чин аз Ҷопон мехоҳад дар бораи таърихи таҷовузи низомии худ амиқтар андеша кунад, ба нигарониҳои кишварҳои минтақа таваҷҷуҳ намояд ва аз талошҳо барои низомигароии дубора худдорӣ кунад.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин гуфт, ҷобаҷокунии низоми мушакии «Тайфон» дар Ҷопон метавонад хатари даргирии низомӣ ва рақобати таслиҳотиро дар минтақа бештар кунад.

Го, инчунин, дар бораи баҳси интиқоли маъданҳои нодир гуфт, Чин барои ҳифзи субот ва амнияти занҷираҳои таъминоти ҷаҳонии маводи муҳим талош мекунад.

Ин суханон дар посух ба иддаои ИМА садо доданд, ки гӯё Чин интиқоли баъзе аз маъданҳои нодирро пурра барқарор накардааст.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин ҳамзамон гуфт, Пекин мехоҳад бо Вашингтон барои таъмини суботи стратегӣ дар ҷаҳон ҳамкорӣ кунад. Ба гуфтаи ӯ, ду кишвар бояд тавофуқномаҳои муҳиммеро, ки раҳбарони онҳо ба даст овардаанд, якҷо амалӣ кунанд.


Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий