< Пешвои миллат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гимназияи хусусии “Ҳаёт”-ро ба истифода доданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Пешвои миллат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гимназияи хусусии “Ҳаёт”-ро ба истифода доданд

Пешвои миллат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гимназияи хусусии “Ҳаёт”-ро ба истифода доданд
​Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ  Абдухалил Розиқов, Ҷурабой Азимов, Муродҷон Ҷураев ва Нозим Ибрагимов бо сифати баланд ва дар муҳлати кӯтоҳ сохта шудааст. Бинои муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна иборат буда, дорои 45 синфхона ва 41 ҳуҷраи ёрирасон мебошад.

Иттилоъ дода мешавад, ки гимназия барои ба таҳсил фаро гирифтани 1200 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, дар он шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар он кабинетҳои мусиқӣ, ҳунаромӯзӣ, физика, химия, биология ва технологияҳои иттилоотӣ ташкил гардидаанд.
Гуфта мешавад, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани гимназияи хусусии «Ҳаёт» 70 сокини маҳаллӣ бо корӣ доимӣ таъмин гардиданд.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий