< Паёми Регистонӣ дар қалби Ҳиндукуш: “Муборизаи мусаллаҳона бо Толибон идома дорад” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Паёми Регистонӣ дар қалби Ҳиндукуш: “Муборизаи мусаллаҳона бо Толибон идома дорад”

Паёми Регистонӣ дар қалби Ҳиндукуш: “Муборизаи мусаллаҳона бо Толибон идома дорад”
​Чанд рӯз қабл аз ин, хабари ворид шудани Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ ба дохили хоки Панҷшер, дар бархе шабкаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд.
Навори ӯ собит мекунад, ки ӯ дар дохили хоки Афғонистон аст ва ҷангро мудирият мекунад.
Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ дар ин паёми видеоӣ аз маҳалли дақиқи ҳузури худ ҳарф назад, бо ишораи умумӣ бар ин ки дар қалби Ҳиндукуш қарор дорад, афзуд «имрӯз 20-уми сентябри соли 2026, Худойро сипосгузорем, ки баъди як вақфаи кӯтоҳ, ки бар мо сахт гузашт, дубора дар ватани худ, дар хидмати мардуми худ дар Ҳиндукуш қарор дорем».
Ӯ, бо ишора ба ин ки Ҳиндукуш як намод, намоди салобат, намоди иқтидор, намоди сарбаландӣ ва намоди муқовимат аст, афзуд «панҷ сол қабл Афғонистон дар натиҷаи як қарордоди номашруъ ва дар натиҷаи як тавтиаи сиёсӣ ба дасти гурӯҳаки торикандеши Толибон афтод».
Ба гуфтаи ӯ, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо дарки моҳияти ин гурӯҳи занситез, парчами муқовимат ва муборизаи мусаллаҳонаро дар баробари гурӯҳи Толибон боло бурд. Ӯ таъкид кард, ин парчам то ба имрӯз баланд аст ва ин муқовимат идома дорад.
Дар ин паём Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ гуфт, боре парчамдори бузург Аҳмадшоҳи Масъуд гуфта буд, агар бошам ё набошам ин муқовимат идома хоҳад дошт. Ба гуфтаи ӯ, «бубинед, ин муқовимат идома дорад. Ҳамватанони азиз, панҷ сол аст, ки аз ҳокимияти ҷобирона ва сиёҳи Толибон мегузарад. Натиҷаи ин ҳукуматдорӣ, натиҷаи ин ҳокимият, натиҷаи тасаллут бар кишвари азизи мо Афғонистон иборат аз вуруди ғайриқонунӣ ба хонаҳои мардум, дастгириҳои худсарона, қатлҳои бидуни маҳкама, шиканҷаҳои ҳавлнок дар раёсати истихборот, ғори маодини Афғонистон, маҷол додан ба гурӯҳҳои террористӣ, ки дастҳои касифашон ба хуни мардум оғӯшта аст, мебошад».

Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ афзуд, бо дарки ин моҳият на фақат Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон, балки басо ҷабҳаҳои дигар дар ҳоли зуҳур ва дар сар то сари Афғонистон — аз шарқ то ғарб, шимол то ҷануб парчамҳои муқовиматро баланд намудаанду дар баробари ин гурӯҳи ақибгаро ва торикандеши қурунивустоӣ меҷанганд.

«Бисёре аз лобигарони Толибон дар тӯли ин муддат талош карданд, ки барои ин гурӯҳи торикандеш, қурунивустоӣ машруият касб намоянд. Хушбахтона, ҷаҳон ва миллати Афғонистон моҳияти ҷиноятҳои ин гурӯҳро медонад ва ҳамин далел аст, ки на машруияти дохилӣ доранд ва на машруияти байналмилалӣ» — гуфт Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ин гурӯҳи террористӣ бо ин ҷиноятҳои худ ҳаргиз машруият касб нахоҳад кард. Ӯ гуфт, «талошҳои зиёд аз тариқи сулҳ, аз тариқи сиёсӣ сурат гирифт, то Толибонро мутақоид созанд, ки иродаи кишвари моро ба дасти худи мардум супоранд, то сарнавишти мардум ба воситаи худи мардум таъйин шавад, натиҷа надод.

Бо ҳамин далел, мо муътақид ҳастем, ки муқовимати мусаллаҳона дар баробари ин гурӯҳ, яке аз роҳҳои муассири озод сохтани кишвари мо аз дасти ин гурӯҳи ақибгаро аст. Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон ва сойири ҷабҳаҳое, ки имрӯз дар баробари Толибон меҷанганд, барои озодии кишвари мо, ба хотири озод сохтани кишвари захмӣ ва хаста, садҳо қурбонӣ додаанд ва ҳазорон нафар дар зиндон ва садҳо нафар шиканҷаҳои ҳавлнок шуданд. Ҳатто ҷасадҳояшон ба хонаҳояшон баргардонда нашуданд"- таъкид намуд Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ.
Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ афзуд, ки муқовимати мусаллаҳонаро бо ҷабҳаҳои дигар ва бо ҳамоҳангӣ бо онҳо идома хоҳем дод ва ин мубориза ба натиҷа хоҳад расид. Ӯ таъкид намуд, ки Аморати номашруъи Толибон ба далели зулму фасод аз даруну берун фурӯ хоҳад пошид.

Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, яке аз фармондеҳон ва ёрони наздики Аҳмадшоҳи Масъуд аст, ки баъд аз суқути Кобул, ҳамроҳ бо фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд, Аҳмад Масъуд муқовимати мусаллаҳонаро эҷод карда, Ҷабҳаи муқовимати миллиро ташкил додаанд.
Ӯ гуфт, панҷ сол боз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар муқобили Толибон меҷангад ва дар натиҷаи ҷанг бархе фармонеҳони худро аз даст додааст.

Бархе расонаҳо менавиштанд, ки фармондеҳони аршади Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар дохили хоки ин кишвар ҳузур надоранд. Нашри видеои навори Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ аз дохили Афғонистон нишон медиҳад, ки фармондеҳони аршади ин ҷабҳа мустақиман дар мудирияти ҷанг ширкат доранд.

Ин паём дар ҳоле нашр мешавад, ки чанде қабл нишасти бархе роҳбарони сиёсиву низомии Афғонистон ба муносибати понздаҳумин соли даргузшти Бурҳониддин Раббонӣ аз тариқи онлайн доир шуд. Салоҳиддин Раббонӣ, роҳбари Ҷамъияти Исломии Афғонистон, Аҳмад Масъуд, раиси Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистон, Ёсин Зиё, раиси Ҷабҳаи озодии Афғонистон суханронӣ карда, муборизаи мусаллаҳона дар муқобили ин гурӯҳро ягона роҳи озодсозии Афғонистон аз дасти Толибон донистаанд.

Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ яке ҳамсафон ва ёрони Аҳмадшоҳ Масъуд аст, ки дар тайи бист соли гузашта ва имрӯз бо гурӯҳи террористии Толибон ҳам бо нашри китобу суханрониҳо ва ҳам мусаллаҳона меҷангад. Ӯ дар давраи аввали ҳукумати террористии Толибон дар канори Аҳмадшоҳи Масъуд бар зидди ин гурӯҳи террористии Толибон меҷангид. Ӯ яке аз ангуштшумор дӯстони Аҳадшоҳ Масъуд аст, ки то ҳол дар арсаи муборизаи сиёсиву низомӣ қарор дорад.

Ӯ дар давраи ҳукумати дувуми Толибон дар канори фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд қарор гирифта ва бар зидди ин гурӯҳи террористӣ меҷангад. Дар соли 2021, вақте Кобул суқут карду ҷанг дар Панҷшер идома дошт, ӯ дар канори ҷангҷӯёни Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар баландкӯҳҳои Панҷшер меҷангид. Ӯ баъди шикисти Ҷабҳа дар дохили Панҷшер ба Тоҷикистон омад ва чанде дар ин кишвар фаъолияти онро пеш мебурд.

Ҳузури физикии ӯ дар дохили Панҷшер ва паёми видеоии ӯ нишон медиҳад, ки ҷабҳаҳои зидди Толибон фаъолиятҳои низомии худро густариш медиҳанд.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар кӯҳҳои Панҷшеру Парвон ва Бағлону дохили Кобул ва соири вилоятҳои дигари Афғонистон бар зидди Толибон меҷангад.

Дар канори он, ҷабҳаҳои дигари ҷанг бо сарварии низомиёни артиши пешини Афғонистон ташкил шудаанд, ки бар зидди гурӯҳи террористии Толибон меҷанганд.

Ҳич кишвари дунё ба таври ошкор аз ҳимояти гурӯҳҳои мусаллаҳи зидди Толиб ҳимоят накардааст. Бисёре аз кишварҳои дунё ба низомиёни пешини артиши Афғонистон баргаи паноҳандагӣ додаанд ва гуфтаанд, ки аз фаъолиятҳои низомии онҳо ҳимоят намекунанд.
Покистон, Эрон ва Русияву Чину Ҳинд аз наздик таҳавуллоти дохили Афғонистонро назорат мекунанд. Ин кишварҳо хоҳони ташкили ҳукумати фарогир ва пазириши бархе хостаҳои ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла кушодани мактабҳо ба рӯйи духтарон, озодии расонаҳо, ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкили ҳукумат бо роҳи интихобот ва ғайра ҳастанд. Толибон то ҳол ба ҳеч кадом аз хостаҳои байналмилалӣ посухи мусбат надодаанд ва мегӯянд, ки ҳукумат дар Афғонистон бо ҳузури чеҳраҳои гузашта ташкил нахоҳад шуд. Онҳо то ҳол ба дархостҳои ҷомеаи байналмилалӣ дар мавриди шаффофсозии фаъолияти гурӯҳҳои мусаллаҳ дар дохили гурӯҳи Толибон посухи мусбат надодаанд.

Ба андешаи бархе таҳлилгарон, паёми Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ дар ин шабу рӯз, ки расонаҳо фаъолияти низомии гурӯҳҳои зиддитолибро камранг ҷилва медиҳанд, баёнгари азми ҷиддии ин гурӯҳҳо бар муқобила бо Толибон аст.


Сарчашма: dialogt​

Комментарии (0)

Оставить комментарий