Ироқчӣ: “Мақомоти Эрон аз ҳаққи мардуми худ дар шаҳри Ню-Йорк дифоъ мекунанд”
Ӯ гуфт, сафари ҳайати эронӣ ба шаҳри Ню-Йорк дар шароити даргириҳои низомӣ сурат мегирад. Ӯ зикр кард, ки Созмони Милали Муттаҳид яке аз муҳимтарин минбарҳои байналмилалӣ барои баён намудани мавқеи кишварҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
Сайид Аббос Ироқчӣ гуфт, Эрон дар нишасти солонаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид мехоҳад дар бораи вазъияти мардуми Эрон ва талафоти ҷонӣ дар ҷараёни ҷанг сухан гӯяд.
Вазири корҳои хориҷии Эрон гуфт, раиси ҷумҳури Эрон дар ҷараёни сафари корӣ дар Маҷмаи умумии СММ суханронӣ намуда, бо намояндагони расона, зиёиён ва муҳаққиқони эрониву хориҷӣ мулоқот хоҳад кард. Ӯ гуфт, Масъуд Пизишкиён дар ин сафар бо расонаҳои мухталиф суҳбат ва бо роҳбарони кишварҳои дигар мулоқотҳои дуҷониба хоҳад дошт.
Сайид Аббос Ироқчӣ аз коҳиши эътимод ба Созмони Милали Муттаҳид интиқод кард. Ӯ гуфт, шиори имсоли Маҷмаи умумии СММ — «Эҳёи эътимод ба Созмони Милал» нишон медиҳад, ки барқарор намудани эътимод нисбат ба ин созмон барои кишварҳои узв хеле муҳим аст.
Вазири корҳои хориҷии Эрон аз мавқеи кишварҳои ғарбӣ дар муқобили низоъ дар Ғазза, Лубнон ва Эрон интиқод намуд.
Ба гуфтаи ӯ, масъалаи нақши Созмони Милали Муттаҳид дар низоъҳои байналмилалӣ ва самаранокии механизмҳои он барои ҳифзи сулҳу амният аз мавзуъҳои баҳсбарангези кишварҳои узв боқӣ мондааст.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)