ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА АДОИ ЭҲТИРОМ БА ҚАҲРАМОНОН. Дар робита ба овардани хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан
Боз як бори дигар ин амал аз он гувоҳӣ дод, ки фитрати Сарвари давлати мо аз шаҳомату азамат сиришта шуда, барои корномаҳои бузург қодир аст. Президенти мамлакат ҳар лаҳзаву ҳар рӯз таърих меофаранд, чунки аз ибтидои давлатдориашон то имрӯз ҳама иқдомоташон ба манофеи миллат равона карда шудааст. Охирон ташаббуси муассири Роҳбари фарзонаи миллат идомаи силсилаиқдомҳоест, ки дар масири эҳёи таъриху фарҳанги миллат ба анҷом расонидаанд, он шабеҳи пок кардани ғубори иттиҳомоти таърихӣ аз чеҳраҳои бузургони миллати тоҷик буда, наҷоти таърих аз таҳрифоти он солҳо аст.
Давоми 35 соли Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат на фақат як давлати навини миллӣ сохтаанд, балки бунёни тафаккури миллиро мумтозона гузоштаанд, ба чеҳраҳои мондагори миллат, чун Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ато кардани унвони қаҳрамони миллат, бузургдошти Имоми Аъзам, Мавлонои Балх, Ғаззолӣ, тақсими китоби муқаддаси Қуръон, асарҳои безаволи «Тоҷикон»-у «Шоҳнома» ва таблиғи сартосарии аҳолии мамлакат ба китобхонӣ ва илмомӯзӣ аз иқдомҳои абармарди соҳаи сиёсату фарҳанг- Пешвои миллат мебошанд, ин ҳама боис гаштааст, ки Консепсияи тафаккури миллӣ дар кишвари мо ташаккул ёбад.
Ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба қаҳрамонон
Ин ду мафҳум бо ҳам пайванди ногусастанӣ дорад. Қаҳрамонон на танҳо шахсиятҳои саҳифаҳои китоби таъриханд, балки таҷассуми зиндаи руҳияи миллат, арзишҳои олӣ ва меъёрҳои роҳнамои он ба шумор мераванд.
Вақте ки ҷомеа робитаи худро бо решаҳои таърихиаш аз даст медиҳад, ояндаи худро низ мебозад. Назарияпардозони соҳаи сиёсат дар он назаранд, ки «давлате, агар асолати худро қадр намекунад, шаҳрванд надорад — он ҷо танҳо тобеоне ҳастанд, ки омодаанд ба ҳар касе, ки пул медиҳад, хидмат кунанд». Дар шоҳид будан дар амалишавии идеяҳои миллӣ ҳар яки мо шаҳрванди ифтихории ин давлат ҳастем, ки дар устувор ва таҳкибахшии истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ муштҳоямон ба ҳам пайвастааст.
Мегӯянд, қаҳрамонон ба монанди оинаи миллатанд ва ҳувият сипари мост. Имрӯз, дар даврони чолишҳои ҷаҳонӣ ва якранг шудани арзишҳо, ҳифзи ҳувияти мо ба як масъалаи амнияти миллӣ табдил ёфтааст. Бе дарки дақиқи он ки «мо кистем?» ва «аз куҷо омадаем?», ҷомеа ба як тӯдаи бешаклу беном мубаддал мегардад.
Файласуфи барҷастаи сиёсии асри ХХ Раймон Арон таъкид мекард: «Миллат то даме зинда аст, ки шаҳрвандони он дорои хотираи муштарак аз гузашта ва дидгоҳи умумӣ нисбат ба оянда бошанд. Ба маҳзи он ки эҳтиром ба муқаддасоти муштарак аз байн меравад, миллат низ дучори таназзул ва пошхӯрӣ мегардад».
Дарвоқеъ, маросими ба хок супоридани порае аз хоки сарсупурдагони миллат бо адо намудани ҳама ҷузъиёти милливу суннатӣ ва мазҳабӣ паёми қадрдонӣ ва бузургдошти шаҳидони ватан ба имрӯзу фардои мост! Муқовимат ба бархӯрди тамаддунҳост! Он посдошти таърих ва арзишҳоест, ки миллати мо бар пояи онҳо шакл гирифтааст. Қаҳрамонҳои миллати мо чӣ дар майдони набард ва чӣ дар арсаи илму фарҳанг ва чӣ дар масири сиёсат дифоъ аз марзу буми меҳан аз таъриху фарҳанги миллат ва дифоъ аз манофеи миллат кардаанд ва чароғе дар роҳи ояндагон афрӯхтаанд.
Ҷисму руҳи инсоният ҳамеша ба хоки ватан, ба фазои муамбари меҳан кашиш дорад, ба қадри кӯчаҳои хокӣ, ба қадри ҳавои пуратри меҳрубонӣ бояд расид, ки Ватан фақат хок нест, руҳ асту реша аст.
Сарчашма
Давоми 35 соли Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат на фақат як давлати навини миллӣ сохтаанд, балки бунёни тафаккури миллиро мумтозона гузоштаанд, ба чеҳраҳои мондагори миллат, чун Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ато кардани унвони қаҳрамони миллат, бузургдошти Имоми Аъзам, Мавлонои Балх, Ғаззолӣ, тақсими китоби муқаддаси Қуръон, асарҳои безаволи «Тоҷикон»-у «Шоҳнома» ва таблиғи сартосарии аҳолии мамлакат ба китобхонӣ ва илмомӯзӣ аз иқдомҳои абармарди соҳаи сиёсату фарҳанг- Пешвои миллат мебошанд, ин ҳама боис гаштааст, ки Консепсияи тафаккури миллӣ дар кишвари мо ташаккул ёбад.
Ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба қаҳрамонон
Ин ду мафҳум бо ҳам пайванди ногусастанӣ дорад. Қаҳрамонон на танҳо шахсиятҳои саҳифаҳои китоби таъриханд, балки таҷассуми зиндаи руҳияи миллат, арзишҳои олӣ ва меъёрҳои роҳнамои он ба шумор мераванд.Вақте ки ҷомеа робитаи худро бо решаҳои таърихиаш аз даст медиҳад, ояндаи худро низ мебозад. Назарияпардозони соҳаи сиёсат дар он назаранд, ки «давлате, агар асолати худро қадр намекунад, шаҳрванд надорад — он ҷо танҳо тобеоне ҳастанд, ки омодаанд ба ҳар касе, ки пул медиҳад, хидмат кунанд». Дар шоҳид будан дар амалишавии идеяҳои миллӣ ҳар яки мо шаҳрванди ифтихории ин давлат ҳастем, ки дар устувор ва таҳкибахшии истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ муштҳоямон ба ҳам пайвастааст.
Мегӯянд, қаҳрамонон ба монанди оинаи миллатанд ва ҳувият сипари мост. Имрӯз, дар даврони чолишҳои ҷаҳонӣ ва якранг шудани арзишҳо, ҳифзи ҳувияти мо ба як масъалаи амнияти миллӣ табдил ёфтааст. Бе дарки дақиқи он ки «мо кистем?» ва «аз куҷо омадаем?», ҷомеа ба як тӯдаи бешаклу беном мубаддал мегардад.
Файласуфи барҷастаи сиёсии асри ХХ Раймон Арон таъкид мекард: «Миллат то даме зинда аст, ки шаҳрвандони он дорои хотираи муштарак аз гузашта ва дидгоҳи умумӣ нисбат ба оянда бошанд. Ба маҳзи он ки эҳтиром ба муқаддасоти муштарак аз байн меравад, миллат низ дучори таназзул ва пошхӯрӣ мегардад».
Дарвоқеъ, маросими ба хок супоридани порае аз хоки сарсупурдагони миллат бо адо намудани ҳама ҷузъиёти милливу суннатӣ ва мазҳабӣ паёми қадрдонӣ ва бузургдошти шаҳидони ватан ба имрӯзу фардои мост! Муқовимат ба бархӯрди тамаддунҳост! Он посдошти таърих ва арзишҳоест, ки миллати мо бар пояи онҳо шакл гирифтааст. Қаҳрамонҳои миллати мо чӣ дар майдони набард ва чӣ дар арсаи илму фарҳанг ва чӣ дар масири сиёсат дифоъ аз марзу буми меҳан аз таъриху фарҳанги миллат ва дифоъ аз манофеи миллат кардаанд ва чароғе дар роҳи ояндагон афрӯхтаанд.
Ҷисму руҳи инсоният ҳамеша ба хоки ватан, ба фазои муамбари меҳан кашиш дорад, ба қадри кӯчаҳои хокӣ, ба қадри ҳавои пуратри меҳрубонӣ бояд расид, ки Ватан фақат хок нест, руҳ асту реша аст.
Сарчашма
Комментарии (0)