< Трамп гуфт, ҷанги Амрико алайҳи Эрон ба поён расид ва санади хатми ҷанг “ба зӯдӣ” имзо мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Трамп гуфт, ҷанги Амрико алайҳи Эрон ба поён расид ва санади хатми ҷанг “ба зӯдӣ” имзо мешавад

Трамп гуфт, ҷанги Амрико алайҳи Эрон ба поён расид ва санади хатми ҷанг “ба зӯдӣ” имзо мешавад
​Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шаби гузашта эълон кард, ки «имрӯз ҷанг"-и Амрико алайҳи Эронро «ба поён расонидем» ва «ба зудӣ» санади тавофуқ миёни ду кишвар имзо хоҳад шуд. Аммо намояндаҳои Эрон гуфтаанд, ки созиши эҳтимолӣ бо Амрико то кунун «ниҳоӣ нашудааст».

Трамп дишаб муддаӣ шудааст, ки Вашингтону Теҳрон бар сари «як ёддошти тафоҳуми бисёр қавӣ» барои таваққуфи ҷанг созиш кардаанд ва мумкин аст маросими имзои он охири ҳафтаи равон дар Аврупо анҷом шавад. Ӯ гуфтааст, ки дар ин маросим ширкат намекунад, аммо муовини ӯ Ҷей Ди Венс дар он ҷо ҳузур хоҳад дошт.
                                    "                                          «Онҳо тавофуқ карданд, ки ҳаргиз силоҳи ҳастаӣ надошта бошанд, чизе, ки мо бар он исрор доштем… 95 дарсади ҳадафи мо ҳамин буд», — изҳор доштааст ӯ.                                         
Бояд гуфт, Эрон ҳамеша гуфтааст, ки ҳадафи сохтани бомби ҳастаиро надорад ва барномаи ҳастаияш сулҳомез аст.


Доналд Тармп. Акс аз AP

Ба гуфтаи раисҷумҳури Амрико, санади созиш бо Эрон ба шакли «ёддошти тафоҳум» сохта шудааст, ки «қисман мафҳумӣ» аст. Ӯ, ҳамчунин, гуфтааст, ки раҳбари Эрон ба ин тавофуқ розӣ аст.
Ба қавли Трамп, ба маҳзи имзои ин созиш, тангаи Ҳурмуз аз сӯйи Теҳрон боз ва муҳосираи баҳрии бандарҳои ҷанубии Эрон аз тарафи Амрико бардошта мешавад.



Дар ҳамин ҳол, Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хорҷаи Эрон гуфтааст, ки суҳбатҳо дар мавриди тавофуқи эҳтимолӣ бо Амрико ва иддаоҳо дар мавриди замону макони он «сирфан гумонзании расонаӣ аст».
                                    "                                          Ба гуфтаи ӯ, «то он даме, ки мақомоти дахлдори низом (-и Эрон) дар бораи ҳар як ҷузъи матни созиш ба хулосаи ниҳоӣ нарасанд, дар бораи шакли имзо ва макони он сӯҳбат кардан маъное надорад». Бо ин ҳол, Бақоӣ афзудааст, ки «бахши асосии матни тавофуқ ниҳоӣ шуда», аммо мавқеъҳои зиддунақиз ва иқдомоти Иёлоти Муттаҳида боиси нооромиҳо ва халалдор шудани раванди расидан ба созиш шудаанд.                                         Исмоил Бақоӣ. Акс аз ВКХ Эрон

Ин ҳама дар ҳолест, ки Трамп рӯзи гузашта ваъда дода буд, Амрико шаб ба Эрон «ҳамлаҳои шадид"-е анҷом хоҳад дод ва «дар ояндаи наздик ҷазиари Хорк ва зерсохтҳои нафти Эронро тасарруф хоҳад кард». Ин изҳороти ӯ боиси вокуниши зиёди мақомдорони эронӣ шуд ва Сипоҳи посдорони Эрон таҳдид кард, ки дар сурати ҳамлаи Амрико «оташи ҷанг илова бар минтақа, фарогир ва густардатар хоҳад шуд».
Вале пас аз чанд соат, раисҷумҳури Амрико хабар дод, ки ҳамлаи банақшагирифтаи шабонааш ба Эронро ба далели пешрафт дар музокирот бекор кардааст.


Дар гузашта ҳам Доналд Трамп чанд маротиба аз имзои базудии созишномаи қатъи ҷанг бо Эрон изҳори назар карда буд, вале воқеият ин аст, ки ҳамлаи ду кишвар ба минтақаҳои якдигар идома дорад.  Аз ҷумла, бо вуҷуди оташбас байни Амрико ва Эрон ҳарду кишвар ду рӯзи охир ба минтақаҳои якдигар ҳамла карданд.


Ҷанг дар Эрон, ки бо ҳамлаи Амрикову Исриол дар 28-уми феврал оғоз шуда, бо посухи Теҳрон ба Исроил ва мавзеъҳои Иёлоти Муттаҳида дар кишварҳои арабӣ идома кард, боиси кушта шудани ҳазорҳо нафар, асосан дар Эрон ва Лубнон гардид.
Ин низоъ сабаби баста шудани тангаи Ҳурмуз ҳам шуд, ки ҳоло бӯҳрони бузурги энерҷиро дар ҷаҳон ба вуҷуд овардааст.
Ин ҳама танишу ҷанг ва муҳосираву талоши бозкушоии тангаи Ҳурмуз кай ва чаро оғоз шуд ва вазъи кунунӣ дар Ховари Миёна чист, дар ин пайванд хонед.


Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий