< Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд

Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
​Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ ба таҷрибаи рушди босуръати Ҷумҳурии Мардумии Чин, раванди модернизатсия ва индустрикунонӣ, инчунин татбиқи ҳадафҳои дарозмуддати рушди ин кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Иброз гардид, ки таҷрибаи Чин дар самти рушди иқтисод, саноат, истифодаи технологияҳои муосир, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва татбиқи навовариҳо метавонад барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ аҳамияти муҳим дошта бошад.

Гуфта шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин тайи солҳои охир дар рӯҳияи эҳтироми мутақобила, эътимод ва ҳамкории созанда пайваста рушд мекунанд. Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони муҳими стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамкории ду давлат соҳаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва дигар самтҳоро фаро мегиранд.

Дар ин замина ҷонибҳо зарурати омӯзиши таҷрибаи Ҷумҳурии Мардумии Чин, истифодаи таҷҳизоти муосир ва густариши ҳамкорӣ дар самти омодасозии мутахассисони баландихтисосро муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҷониби Чин афзуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар марҳилаи муҳими модернизатсия қарор дошта, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ ва ташаккули давлати муосир тадбирҳои фарогирро амалӣ менамояд.

Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба вазъи кунунии Осиёи Марказӣ, равандҳои геополитикии минтақа ва масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистону Чин табодули афкор намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки  имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя дар фазои сулҳу субот ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ қарор дошта, барои таҳкими минбаъдаи эътимод ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ заминаҳои мусоид фароҳам омадаанд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий