Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нишасти сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ-Куриё” ба Сеул меравад
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои анҷоми сафари расмӣ ва ширкат дар ҳамоиши сарони кишварҳои “Осиёи Марказӣ-Куриё” рӯзи 16-уми сентябр ба шаҳри Сеул меравад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Дар нишасти сарони кишварҳои “Осиёи Марказӣ-Куриё”, ки 16-уми сентябри соли равон дар шаҳри Сеул баргузор мешавад, раисҷумҳурони Куриё (Корея)-и Ҷанубӣ ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ширкат мекунанд.
Дар поёни нишаст, қабули “Эъломияи Сеул” дар назар аст, ки он самтҳои дарозмуддати ҳамкории Куриё Ҷанубӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро муайян хоҳад кард.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин, 16 –уми сентябр мулоқоти дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон бо Ли Ҷэ Мён, раисҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ дар назар аст.
Дар ҳошияи нишаст, ҳамзамон нишасти тиҷорӣ бо ширкати сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва раисҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ баргузор мешавад. Дар ин чорабинӣ 500 намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ширкатҳо ширкат мекунанд.
Бояд гуфт, ки қолаби ҳамкории “Осиёи Марказӣ – Куриё” аз соли 2007 амал мекунад. То ин вақт ин нишаст дар сатҳи вазирон баргузор мешуд ва нишасти дарпешистода нахустин мулоқот дар сатҳи сарони давлатҳо хоҳад буд.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Куриё соли 1992 барқарор шудааст. Сафорати Тоҷикистон дар Куриё моҳи апрели соли 2015 ва Сафорати Куриё дар Тоҷикистон дар соли 2008 ифтитоҳ ёфтааст.
Тибқи иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ аз Куриёи Ҷанубӣ ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 144 миллион доллари амрикоӣ молу маҳсулот ворид шудааст. Ҳамчунин, 9,1%-и ёриҳои башардӯстонаи ба Тоҷикистон воридшуда ба Куриё рост меояд. Вале тибқи иттилои манбаъ, дар ин давра аз Тоҷикистон ба Куриё молу маҳсулот содир нашудааст.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)