< Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд

Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд
​Филми мустанад аз ҷониби телевизиони «Синамо» таҳия гардида, дар он раванди рушди соҳаи энергетика, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат дар самти таъмини истиқлоли энергетикӣ, бунёду навсозии иншооти энергетикӣ ва афзоиши иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ ба навор гирифта шудааст.

Ҳамзамон дар филм натиҷаҳои назарраси фаъолияти соҳа дар солҳои соҳибистиқлолӣ, татбиқи лоиҳаҳои муҳими энергетикӣ, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва нақши соҳаи энергетика дар рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд.

Филми мустанад ҳамчун бозтоби дастовардҳои соҳаи энергетика дар даврони соҳибистиқлолӣ, аз фаъолияти созанда ва иқдомҳои пайваста ҷиҳати таҳкими истиқлоли энергетикии Тоҷикистон дар давоми 35 сол ҳикоят мекунад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий