< Рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва CIPE баррасӣ шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва CIPE баррасӣ шуд

Рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва CIPE баррасӣ шуд
​Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо маҷмуи масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкорӣ дар самти бахши хусусӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва CIPE-ро баррасӣ шуд.
Дар доираи вохӯрӣ масъалаи баргузории Форуми навбатии ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби «С5+1» соли 2027 дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Фарҳодшоҳ Раҳмонализода иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар бахши таҳкими дипломатияи иқтисодӣ ва густариши заминаҳои савдои байналмилалӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардидаанд.

Дар анҷом ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати фаъол сохтани ҳамкории амалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак иброз намуданд.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий