< Чин дар сармоягузорӣ дар Осиёи Миёна аз Русия пеш гузаштааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Чин дар сармоягузорӣ дар Осиёи Миёна аз Русия пеш гузаштааст

Чин дар сармоягузорӣ дар Осиёи Миёна аз Русия пеш гузаштааст
​Бонки рушди Авруосиё дар гузорише, ки дар моҳи декабри соли 2025 нашр кард, эълон намуд, ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими Чин дар Осиёи Марказӣ тайи даҳ соли гузашта аз 35 миллиард доллар болотар рафтааст. Ин бонк, ки дар соли 2006 аз сӯи Русия ва Қазоқистон таъсис шуд, бо ҳадафи густариши тиҷорат ва ҳамгироии иқтисодӣ миёни ҳафт ҷумҳурии пешини Шӯравӣ фаъолият мекунад.

Дар муқобил, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар нишасти минтақаие моҳи октябр гуфт, ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими Русия дар Осиёи Марказӣ ҳудуди 20 миллиард доллар аст. Путин ин рақамро «нисбатан кам» хонд.

Сармоягузории Русия дар Осиёи Марказӣ аз соли 2022 ба ин тараф коҳиш ёфтааст. Ин коҳиши сармоягузорӣ ба хароҷоти иқтисодии ҳамлаи низомии ин кишвар ба Украина ва таҳримҳои Ғарб пас аз он, нисбат дода мешавад. Аммо дар ҳамин давра, Чин ҳузури иқтисодии худро дар минтақа густариш додааст.

ТАВАҶҶУҲ БАР ЭНЕРЖӢ

Чин — бузургтарин воридкунандаи энержии ҷаҳон, сармоягузориҳои густурдае дар бахши нафт ва гази Осиёи Миёна анҷом дода ва ҳамзамон сармоягузориҳои худро дар бахши энержии тоза, фановариҳои маводи маъданӣ ва зерсохтҳои транзитӣ, афзоиш додааст.

Шавкат Мирзиёев ва Си Ҷинпин, президентҳои Узбекистон ва Чин.Шавкат Мирзиёев ва Си Ҷинпин, президентҳои Узбекистон ва Чин.

Қазоқистон ва Узбекистон, ду иқтисоди бузурги Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо Туркманистон, ки саршор аз манбаъҳои энержӣ аст, бештарин саҳмро аз сармоягузориҳои Чин дарёфт кардаанд. Бар асоси маълумоти Бонки рушди Авруосиё, ин се кишвар ҳудуди 90 дарсади кулли сармоягузории Чин дар минтақаро ҷалб кардаанд.

Аз калонтарин тарҳҳои Пекин метавон ба сармоягузории 9,4 миллиарддолларии ширкати давлатии «Ширкати миллии нафти Чин» дар тавсеаи майдони нафтии Bagtyyarlyk дар Туркманистон, ишора кард.

Ҳамчунин ширкати давлатии Sinopec 2,1 миллиар доллар дар майдони нафтии Aqtobe дар Қазоқистон сармоягузорӣ кардааст. Ширкати давлатии China Energy низ ҳудуди 2 миллиард доллар барои бунёди нерӯгоҳҳои нави офтобӣ дар Узбекистон сармоягузорӣ кардааст.
Сармоягузории Чин дар Узбекистон тайи панҷ соли гузашта аз 2,1 миллиард доллар ба 10,7 миллиард доллар афзоиш ёфта ва аз рушди сармоягузории ин кишвар аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ пешӣ гирифтааст.

Иқтисоди Узбекистон бар содироти манбаъҳои табиӣ, аз ҷумла, тило ва маводи маъдании муҳим, ва ҳамчунин кишоварзӣ асос ёфтааст.

Сарони кишварҳои Осиёи Миёна бо президенти Чин. 19 май, 2023.Сарони кишварҳои Осиёи Миёна бо президенти Чин. 19 май, 2023.

Наргиза Мураталиева, коршиноси Осиёи Марказӣ мегӯяд, Тошканд дар талош барои фосила гирифтан аз «иқтисоде, ки бар маводи хом асос ёфтааст», тавонистааст сармоягузори Чинро дар бахшҳои энержӣ ва тавлиди саноатӣ, ҷалб кунад.

Дар Қирғизистон ва Тоҷикистон, ду иқтисоди хурди Осиёи Марказӣ, сармоягузориҳои Чин асосан бар тарҳҳои бузурги зерсохтӣ ва энержӣ равона шудааст, аз ҷумла, долонҳои нақлиётӣ, марказҳои боркашонӣ ва рушди нерӯгоҳҳои обӣ-барқӣ.

РУСИЯ ҲАМЧУНОН БОЗИГАРИ МУҲИМ АСТ

Коршиносон мегӯянд, бо вуҷуди афзоиши сармоягузории Чин дар минтақа, Русия ҳамчунон шарики муҳими иқтисодӣ ва стратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Онҳо ба вобастагии кишварҳои минтақа ба масирҳои транзитии Русия ва ҳамчунин ҳузури миллионҳо коргари муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ дар ин кишвар ишора мекунанд.

Садҳо ҳазор нафар аз зодагони Осиёи Миёна солона барои кор ба Русия мераванд.Садҳо ҳазор нафар аз зодагони Осиёи Миёна солона барои кор ба Русия мераванд.

Як устоди донишгоҳ дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон, ки нахост номаш гирифта шавад, ба Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ гуфт, «тақрибан ҳар хонаводае дар минтақаҳои деҳотии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва то ҳаде камтар дар дигар кишварҳои Осиёи Миёна, ба пуле, ки аъзои хонавода аз Русия мефиристанд, вобаста ҳастанд».
Ба гуфтаи ин устоди донишгоҳ дар Хуҷанд, «сарфи назар аз мизони сармоягузории молӣ, Маскав ҳамчунон як қудрати муҳим дар минтақа ба шумор меравад».

Ҷонибек Орунов, коршиноси робитаҳои байналмилалӣ дар Қазоқистон мегӯяд, тасаввури рақобат миёни Русия ва Чин дар Осиёи Миёна аксаран беш аз ҳад бузургнамоӣ мешавад. Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоли ҷалби сармоягузории ҳар ду кишвар дар бахшҳои стратегии худ ҳастанд.

Бо ин ҳол, Орунов таъкид мекунад, ки «аз диди сиёсӣ» ҳамкорӣ бо Чин дар бисёре аз мавридҳо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ осонтар аст.

Ӯ мегӯяд, «далелаш ин аст, ки амалкарди Чин маъмулан ин аст, ки тиҷорат, тиҷорат аст. Аммо дар мавриди Русия гоҳе мебинем, ки Маскав фақат ба манфиатҳои иқтисодӣ ва судоварӣ таваҷҷуҳ надорад, балки ба масъалаҳое монанди ҷойгоҳи забони русӣ дар минтақа ва бархе мавзӯъҳои вобаста ба сиёсати дохилии ин кишварҳо низ аҳамият медиҳад».


Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий