< Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ машварати корӣ доир намуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ машварати корӣ доир намуданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ машварати корӣ доир намуданд
​Дар машварат, ки бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва як қатор масъулини давлатӣ ҷараён гирифт, масоили вобаста ба созандагию бунёдкорӣ ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳи зимистони оянда баррасӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ба сохтмону омодасозии корхонаю муассиса ва иншооти дигар, ки тибқи барномаҳои истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, суръат бахшида шавад.
Таъкид гардид, ки дар доираи омодагӣ ба зимистони пешомад ва ҳам ба соли хониши 2026-2027 ба тармиму навсозӣ ва таъминоти муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий