Муҳиддин Музаффар: “Азия-Плюс” манбаи муътамадест, ки ҷомеаи зиёӣ ба он бовар дорад!
Муҳиддин Музаффар, роҳбари киностудияи хусусии «Довфилм» ва коргардони шинохтаи тоҷик мегӯяд, ки таҳлилҳои фарҳангии «Азия-Плюс» барои рушди синамо ва театр мисли об барои решаи дарахт муҳиманд ва ба бинанда имкон медиҳанд, ки бо тафаккури омода ба тамошои асарҳо биравад.
Ба гуфтаи ӯ, яке аз бурдҳои асосии ин расона доштани рӯзноманигорони мутахассис дар соҳаҳои гуногун (аз фарҳанг то кишоварзиву иқтисод) мебошад, ки касбияти баланди онҳо аз чор ҷумлаи навиштаашон ҳувайдост.
Ба қавли коргардон, дар асри ҳушвора, ки сохтани хабарҳои дурӯғ осон шудааст, мавҷудияти «Азия-Плюс» ҳамчун такягоҳи боэътимод барои ҷомеа зарур аст.
Вай афзуд, ки «Азия-Плюс» бояд доираи корашро васеътар карда, бо роҳандозии гузинаи форсӣ (хати форсӣ) ва гузоштани намояндаҳояш дар Эрон, Русия ва Амрико, минбари тоҷикони ҷаҳонро муқтадиртар созад.
«Дар ҳамин шабу рӯзи ҳассос хеле муҳим аст, ки мо як манбае дошта бошем, ки ба он эътимод карда шавад. Ман фикр мекунам, ки сад фоизи ҷомеаи зиёии Тоҷикистон имрӯз ба „Азия-Плюс“ бовар мекунанд», — хулоса кард Муҳиддин Музаффар.
Ӯ 30-солагии Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс"-ро шодбош гуфта, орзу кард, ки ин расонаи миллӣ барои рушди тафаккури ҷомеа садсолаҳо умр бинад.
Муфассал дар ин навор тамошо кунед:
Ёдовар мешавем, ки 2-юми апрел соли 1996 аввалин варақаи иттилоотӣ – таҳлилии “Азия-Плюс” ба наш расид. Нашри ин варақаи иттилоотӣ таҳлилӣ, ба ташаккули Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” оғоз бахшид. Он имрӯз ҳафтанома, радио ва оҷонсии иттилоотиро муттаҳид мекунад ва барои миллионҳо мухотаби худ бо се забон – забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мӯҳтавои босифат ва боэътимод таҳияву пешниҳод менамояд.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)