< Пагоҳ маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» доир мегардад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Пагоҳ маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» доир мегардад

Пагоҳ маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» доир мегардад
​Аз натиҷаи маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» гузориши муфассали АМИТ «Ховар» пешниҳод мегардад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 изҳор намуданд: «моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии „Роғун“ ба кор дароварда шуда, истиқлолияти энергетии мамлакат пурра таъмин мегардад».

НБО-и «Роғун», ки ба унвони яке аз бузургтарин иншооти аср шинохта шудааст, дар маҷрои дарёи Вахш бунёд мегардад. Он аз 6 агрегат, ки ҳар кадоми онҳо қобилияти тавлиди 600 мегаватт неруи барқро доранд, иборат мебошад. Баъди анҷоми пурраи сохтмон баландии сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба 335 метр мерасад, ки иқтидори умумии он 3600 мегаваттро ташкил хоҳад дод. Бо чунин нишондиҳандаҳо он ба калонтарин неругоҳи барқи обии Осиёи Марказӣ мубаддал мешавад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий