< Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо Атташеи минтақавии Британияи Кабир оид ба таҳримҳо мулоқот намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо Атташеи минтақавии Британияи Кабир оид ба таҳримҳо мулоқот намуд

Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо Атташеи минтақавии Британияи Кабир оид ба таҳримҳо мулоқот намуд
​Дар мулоқот изҳор гардид, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкории судманд бо шарикони байналмилалӣ таваҷҷуҳи хос дошта, барои таъмини шаффофият, устувории низоми молиявӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти бахши молиявӣ ба стандартҳои байналмилалӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Ҷонибҳо доир ба вазъи кунунии ҳамкорӣ ва таҳкими ҳамоҳангсозии бахши молиявӣ мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои марбут ба самти низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи самараноки талаботу меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин тақвияти механизмҳои назоратӣ ва идоракунии хавфҳоро баррасӣ намуданд.

Аташеи минтақавии Британияи Кабир оид ба таҳримҳо Дуглас Кларк ҳамкории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шарикони байналмилалӣ дар самти тақвияти механизмҳои ҳамоҳангсозӣ ва рушди муносибатҳои минбаъда судманд арзёбӣ кард.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон доир ба тадбирҳое, ки бонк барои устувории низоми бонкӣ, риояи талаботи байналмилалӣ оид ба назорат ва идоракунии хавфҳо ва тақвияти комплаенс дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба роҳ мондааст, ибрози андеша намуд.

Дар анҷом мусоҳибон омодагии худро барои идомаи ҳамкории судманд ва густариши робитаҳо дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор доштанд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий