< ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.  

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 5-10 ва  рӯзона 20-25  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона  2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона  8-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд    ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат  меборад. Шабона  дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор  метр барф меборад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 12-17  ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 3-8 ва  рӯзона  17-22  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда мешавад. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9-14  ва   рӯзона 22-27 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона  дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор  метр барф меборад.    Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15 ва рўзона 28-33  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 6-11 ва  рўзона 21-26  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар  шаҳри Душанбе  тағйирёбандаи бебориш  мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  шабона 10-12 ва рӯзона 30-32  дараҷа гарм мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий