< ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳаво дар баъзе ноҳияҳо то 30-35 дараҷа гарм мешавад. 

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабри бебориш мешавад Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 2-7 ва  рӯзона 17-22  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона  4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона  6-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои  бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15  ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 1-6 ва  рӯзона  16-21  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри  бебориш мешавад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 30-35 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8-13  ва   рӯзона 22-27 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои камабри бебориш дар назар аст.   Ҳаво  дар водиҳо шабона 9-14 ва рўзона 27-32  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 3-8 ва  рўзона 19-24  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар  шаҳри Душанбе  бебориш  мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  шабона 9-11 ва рӯзона 29-31  дараҷа гарм мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий