< Эътирофи мушкили “нанговар” ва пешниҳоди роҳҳал. Нигаронии 5 мансабдори тоҷик аз қаллобии хонасозон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Эътирофи мушкили “нанговар” ва пешниҳоди роҳҳал. Нигаронии 5 мансабдори тоҷик аз қаллобии хонасозон

Эътирофи мушкили “нанговар” ва пешниҳоди роҳҳал. Нигаронии 5 мансабдори тоҷик аз қаллобии хонасозон
Дар нишастҳои матбуотии оғози соли 2026 дар панҷ ниҳоди Тоҷикистон ба қаллобӣ даст задани биносозон ва миёнаравҳои онҳо мавриди баҳс қарор гирифт, ки мансабдори тоҷик мушкилотро эътироф, баъзе ҷузъиётро ифшо ва ду роҳҳал пешниҳод карданд.
 
«Дар ҳузури вакили дифоъ шартнома бандед"Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар рӯзи 12-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, соли 2025-ум 112 ҷинояти қаллобӣ аз ҷониби биносозон ва ё миёнаравҳои онҳо барои хариду фурӯши хонаҳо ба қайд гирифта шудааст.

Вазир дар бораи ҷузъиёти ин парвандаҳо гуфт, аксаран бунёдкорони хонаҳои истиқоматии баландошёна ё шахсони алоҳида «бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандон даромада, як хонаро ба 2 ва зиёда шаҳрвандон ба фурӯш баровардаанд».

«Қисме қаллобоне ҳастанд, ки барои хонафурӯшӣ ба боварии сохтмончиён даромада, бо ин роҳ ба қаллобӣ даст задаанд», — бо нигаронӣ афзуд Раҳимзода.
Рамазон Раҳимзода ин  кирдорро боиси нигаронӣ хонда, дар идома гуфт, ки танҳо дар моҳи декабри соли 2025 ва 10 рӯзи аввали моҳи январи соли 2026 беш аз 250 шаҳрванд ба таври гурӯҳӣ аз болои биносозон ё миёнаравҳои онҳо ба ВКД шикоят кардаанд.



Вазири корҳои дохилӣ барои коҳиши ин гуна ҷиноятҳо аз шаҳрвандон хоҳиш кард, ки эҳтиёткор бошанд, ҳангоми хариди манзил ҳуҷҷатҳои ба расмият даровардашудаи биносозро пурсанд ва ё бо ҳузури вакили дифоъ ба шартномаи хариди хона имзо гузоранд.

Ӯ гуфт, шаҳрдории Душанбе барноме омода кардааст. ки дар он маълумоти ҳамаи биноҳои сохтамешуда, иҷозатномаи он ва ҳувияти бинокор зикр шудааст ва аз шаҳрвандон хост, ки ҳангоми хариди хонаҳо аз он истифода баранд, то ба доми қаллобон наафтанд.
 
«Боиси норозигии оммавӣ шудааст"Дар нишасти матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам мушкилии мазкур аз сӯйи рӯзноманигорон матраҳ шуд ва роҳбари ин ниҳод ҳам онро эътироф карда, омори парвандаҳои бозшударо гуфт.

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулл рӯзи 13-уми феврал иброз дошт, ки сохтмони баландошёнаҳо ба зебогии шаҳру ноҳияҳои кишвар таъсиргузор аст, вале бо вуҷуди «тадбирҳои андешида» ба фиребгарӣ даст задани биносозон ҳамоно вуҷуд дорад.



«Ҳолатҳои аз ҷониби ширкатҳои сохтмонӣ бо роҳи фиреб ба якчанд нафар фурӯхтани як манзили истиқоматӣ, худсарона ва яктарафа бекор кардани шартномаҳо, ки боиси норозигии оммавии саҳмгузорон мегарданд, аз байн нарафтааст», — эътироф кард Воҳидзода.
Ба қавли ӯ, дар натиҷаи санҷишҳо танҳо ниҳоди зери роҳбариаш 308 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 37 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Аммо додситон дар мавриди «тадбирҳои андешида» ва чанд парванда ба додгоҳ ирсол шудан ҳарфе назад.
 
Беш аз 400 парванда ба додгоҳ рафтааст​​​​​​​Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон бошад, рӯзи 12-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ парвандаҳои алайҳи ширкатҳои сохтмонӣ ва шаҳрвандонро ҳам мавзӯи мавриди таваҷҷӯҳ номида, омори парвандаҳои онро ба рӯзноманигорон пешниҳод кард.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта вобаста ба баҳси шаҳрвандон бо ширкатҳои биносоз ва баръакс, баҳси ширкатҳои биносоз нисбат ба шаҳрвандон дар ҷамъ 421 парванда дар додгоҳҳои кишвар ворид шудааст.



Мирзозода гуфт, ки дар як соли охир 106 парванда аз сӯйи шаҳрвандон бо даъвои рӯёнидани маблағи барои сохтмон пардохта ва рафъи «дигар мушкилот» дар додгоҳҳои ҷумҳурӣ ворид шудааанд, ки то охири сол аз он 58 парванда қонеъ гардонида, 37 парванда «бинобар созиши ҷонибҳо» қатъ шудаанд. Ба қавли бахши матбуоти додгоҳ, 11 парвандаи дигар дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи Рустам Мирзозода, соли 2025 аз ҷониби ширкатҳои биносоз алайҳи шаҳрвандон «вобаста ба кӯчонидани манзили истиқоматӣ ё бартараф кардани масъалаҳои молиявӣ» 315 парванда ба додгоҳҳои ҷумҳурӣ ворид шудаанд. Аз ин шумора, то охири сол 114 парванда қонеъ карда шуда, 188 парванда «бинобар созиши ҷонибҳо» қатъ гардидааст.

Имрӯз, 19-уми феврал, аз бахши матбуоти Додгоҳи олӣ ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ки 11 парвандаи дигар аз сӯйи шаҳрвандон ва 13 парвандаи дигар аз сӯйи ширкатҳои биносоз дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.
 
Муовини Рустами Эмомалӣ ин кирдорро «нанговар» номид​​​​​​​Баҳси фурӯши як хона ба чанд кас ва сохтани ошёнаҳои берун аз нақша рӯзи 5-уми феврал дар нишасти хабарии шаҳрдории Душанбе ҳам матраҳ шуд.
Бахтиёр Шарифӣ, муовини Рустами Эмомалӣ ба чанд кас фурӯхтани як хона аз сӯйи бархе ширкатҳои бинокоронро кирдори «нанговар» хонда, гуфт, ки масъалаи мазкур таҳти назорати худи шаҳрдори Душанбе қарор дорад.



Ӯ ҳам зикр кард, ки ба хотири такрор нашудани чунин кирдорҳо минбаъд, дар ҳамаи биноҳои баландошёнаи пойтахт QR-рамзҳо насб мешаванд, то сокинон дар мавриди ширкатҳои бинокор маълумот гиранд.

Бахтиёр Шарифӣ илова кард, ки «марҳала ба марҳала ширкатҳое, ки дар фаъолияташон ба фиребгарӣ даст мезананд, муайян карда, бо онҳо ҳамкорӣ намекунанд».
«Хато аз ҷониби худи шаҳрвандон низ дида мешавад, агар камтар нархи арзонро бинем, кӯшиш мекунем, ҳарчӣ зудтар онро харидорӣ кунем. Он чизе, ки арзон аст, беиллат нест», — изҳор дошт Шарифӣ.
 
«Дар „нотариус“ шартнома бандед"​​​​​​​Аз ин пештар, рӯзи 30-юми январ Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон низ дар нишасти матбуотии ниҳоди зери роҳбариаш тасдиқ кард, ки баъзе ширкатҳои бинокор воқеан шаҳрвандонро фиреб дода ва шартномаҳои басташударо бекор мекунанд.
Мирзозода дар пайванд ба шикояти сокинон аз кори ширкатҳои бинокор изҳор дошт, ки барои пеш наомадани мушкил ҳангоми хариди хона дар «нотариус» шартнома банданд.

Ӯ ҳам зикр кард, ки ба хотири такрор нашудани чунин кирдорҳо минбаъд, дар ҳамаи биноҳои баландошёнаи пойтахт QR-рамзҳо насб мешаванд, то сокинон дар мавриди ширкатҳои бинокор маълумот гиранд.
Бахтиёр Шарифӣ илова кард, ки «марҳала ба марҳала ширкатҳое, ки дар фаъолияташон ба фиребгарӣ даст мезананд, муайян карда, бо онҳо ҳамкорӣ намекунанд».

«Хато аз ҷониби худи шаҳрвандон низ дида мешавад, агар камтар нархи арзонро бинем, кӯшиш мекунем, ҳарчӣ зудтар онро харидорӣ кунем. Он чизе, ки арзон аст, беиллат нест», — изҳор дошт Шарифӣ.
 
«Дар „нотариус“ шартнома бандед"​​​​​​​Аз ин пештар, рӯзи 30-юми январ Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон низ дар нишасти матбуотии ниҳоди зери роҳбариаш тасдиқ кард, ки баъзе ширкатҳои бинокор воқеан шаҳрвандонро фиреб дода ва шартномаҳои басташударо бекор мекунанд.
Мирзозода дар пайванд ба шикояти сокинон аз кори ширкатҳои бинокор изҳор дошт, ки барои пеш наомадани мушкил ҳангоми хариди хона дар «нотариус» шартнома банданд.



«Вақте дар нотариус ба қайд мегиранд, аллакай, он ҳукми ҳуқуқӣ мегирад ва дилхоҳ баҳсу мунозираҳое, ки сар мезанад, тавассути додгоҳ ҳаллу фасл мешавад. Дигар ин хонаро ба чанд кас фурӯхта наметавонад. Лекин бисёр ширкатҳои сохтмонӣ аз ин кор худдорӣ карда, дур мегурезанд», — таъкид кард раиси Кумита.
 
Аз шикояти сокинон то боздошти гумонбарон​​​​​​​Дар Тоҷикистон мушкилоти марбут ба биноҳои навбунёд зиёд расонаӣ мешавад. Ҳам мақомот аз ифшои камбудӣ ва боздошти қаллобон хабар медиҳанду ҳам сокинон аз фиреб додани биносозон зиёд шикоятҳо мекунанд.

Сокинон аз ширкатҳои сохтмонӣ шикоят мекунанд, ки бар хилофи шартномаҳо хонаҳояшонро сари вақт намесозанд ва ё як хонаро ба чанд кас мефурӯшанд, ки боиси сарсониву саргардонии онҳо мешавад.

Аз ҷумла, соли 2025 муштариёни ширкати «Салмон-иншоот» дар шаҳри Душанбе норозигӣ карданд, ки ширкат як хонаро ба чанд кас фурӯхтааст. Мақомот ҳам ин мушкилро тасдиқ мекунанд ва чанд нафарро бо чунин иттиҳом дастгир ва ҳатто зиндонӣ карда буданд.



Аз ҷумла, моҳи майи соли гузашта ВКД аз боздошти директори як ширкати сохтмонии «Сохтмон Палас» хабар дод, ки ду хонаро ба чанд кас фурӯхтааст.

Баъди чанд моҳ, августи соли 2025 Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳам аз боздошти роҳбари як ширкати сохтмонӣ хабар дод, ки бо гумони қаллобӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт.  Ин ниҳод ӯ Содиқ Одинаеви 32-сола ном бурда, гуфт, ки ҳангоми роҳбари ширкати сохтмонии ҶДММ «Ҷамол-Басир» буданаш, «беш аз 160 нафарро фиреб дода, барои бо манзили истиқоматӣ таъмин кардани онҳо, маблағҳои калони пулияшонро азхуд кардааст».

«Гумонбаршаванда як манзили истиқоматиро ба 3 то 7 нафар ба фурӯш гузошта, дар ҳаҷми махсусан калон ҷиноятҳои қаллобиро содир намудааст», — навишта буд РВКД пойтахт.Ба қавли ин ниҳод, ҳаҷми зарари расондаи ӯ ба шаҳрвандон наздики 50 миллион сомониро ташкил медиҳад.
 
Ифшои камбудӣ дар рақамҳоТибқи маълумоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмон соли 2025 дар кори 1 ҳазору 288 ширкати бинокор 7 ҳазору 331 камбудӣ ошкор шуда, онҳо дар умум 547 ҳазору 350 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Аз ҷумла, соли гузашта 72 ширкати бинокор бе хулосаи ташхиси давлатӣ, сохтмони иншоотро оғоз кардаанд: дар Душанбе — 15 ҳолат, дар Рӯдакӣ — 8, Турсунзода — 10, Ваҳдат — 20 ва Кӯлоб — 9 ҳолат.

Ёдовар мешавем, ки ҳудуди 4 сол пеш, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе талабот ба иҷрои корҳои сохтмонро сангинтар кард, то ки ба интихоби ширкати арзанда, ҳимоя аз ҳиссагузорону моликон ва пешгирии муҳлати тӯлонӣ давом додани корҳои сохтмон мусоидат кунад. Аммо тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ин иқдом низ  мушкилиҳо дар ин самтро пурра ҳал карда натавонист.


Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий