“Фанноварии сард”. Пиряхҳои сунъӣ барои чӣ заруранд ва то куҷо метавонанд обшавии пиряхҳои табииро боздоранд?
Тағйирёбии иқлим ва бар асари он обшавии пиряхҳои табиӣ, ки манбаи муҳими оби тоза мебошанд, мутахассисонро ба ҳифзи онҳо ва ҷустуҷӯи роҳҳои захираи об водор кардааст. Яке аз ин роҳҳо пиряхҳои сунъӣ аст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид дар поёни соли 2025 зикр кард, ки “то имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки яке аз сарчашмаҳои асосии оби ошомиданӣ дар минтақа мебошад, зиёда аз як ҳазору сесад адади он пурра об шудааст ва суръати обшавии пиряхҳои мо дар ҳоли афзоиш қарор дорад”.
Ба қавли коршиносон, обшавии пиряхҳо дар баробари эҷоди мушкили дастрасӣ ба оби тоза, ҳамчунин ба устувории низоми муҳити зист низ таҳдид ва хатари селу обхезиро зиёд мекунад.
Мутахассисон яке аз роҳҳои ҳалли нисбии ин мушкилро дар ташкили пиряхҳои сунъӣ мебинанд. Бо ин роҳ натанҳо оби тозаро метавон захира кард, балки боғдорӣ ва азхудкунии заминҳои навро рушд дод. Аммо суол ин аст, ки оё пиряхҳои сунъӣ метавонанд василае барои коҳиши обшавии пиряхҳои табиӣ бошанд? Тоҷикистон дар ин самт чӣ корҳоро метавонад анҷом диҳад?
Пиряхи сунъӣ чист?Пиряхи сунъӣ - иншооти гидротехникӣ барои захира кардани оби барфу яхҳои обшуда аст. Оби захирашуда ба таври назоратшаванда дар давраҳое камобӣ - охири баҳор ё аввали тобистон истифода мешавад. Ба таври содда, об вақте зиёд аст захира ва вақте кам аст, аз он захира истифода мешавад.

Пиряхи сунъӣ дар Қирғизистон
Пиряхи сунъӣ барои ташаккули пиряхҳои бисёрсолаи табиӣ сохта намешавад. Он имкони захираи об барои истифода давоми як-ду моҳро фароҳам меорад ва асосан барои кишоварзӣ истифода мешавад. Он имкон медиҳад, ки аз обхезиҳои бармаҳал пешгирӣ ва дар оғози мавсими кишт, зироат саривақт обёрӣ шавад.
Афзалияти пиряхи сунъӣ, ин хароҷоти кам барои сохтмон ва адами хароҷот барои истифода аз он аст. Ба хисоби миёнаи мутахассисони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, барои офаридани як пиряхи сунъӣ 6 ҳазор доллари амрикоӣ сарф мешавад ва барои муддати дароз метавон аз он истифода кард.
Пиряхи сунъӣ барои истифода дар хоҷагидорӣ чанд афзалият медиҳад:
- афзоиши ҳосилнокӣ ва беҳтар шудани амнияти озуқаворӣ;
- коҳиши муҳоҷират;
- тақвияти фаъолияти ҷамоатҳо дар идоракунии захираҳои об.
Бояд гуфт, офариниши пиряхи сунъӣ собиқаи пешин дорад. Дар шакли муосир бошад, дар нимаи дуюми асри XX рушд ёфт ва дар минтақаҳои баландкӯҳ, масалан дар Ҳиндустон аз ин фановарӣ истифода мешавад.
Таҷриба дар ҚирғизистонДар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам таҷрибаи ташкили пиряхи сунъӣ чун роҳи мутобиқшавӣ ба норасоии об ва коҳиши пиряхҳои табиӣ истифода мешавад.
Қирғизистонро метавон аз пешсафони татбиқи ин таҷриба номид. Зимни як сафари корӣ, мо аз пиряхҳои сунъии ин кишвар дидан ва бо мутахассисони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар он ҷо сӯҳбат кардем.

Тибқи иттилои аз ин ниҳод, дар Қирғизистон ҳудуди 30 пиряхи сунъӣ сохта шудааст. Аз ҷумла, солҳои 2024–2025 дар вилояти Ботканд 7 пиряхи сунъӣ сохта шудааст. Ин пиряхҳо на танҳо ба беҳтар шудани вазъи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим кумак мекунанд, ҳамчунин ба макони ҳамкорӣ ва роҳандозии ташаббусҳо дар самти ҳифзи муҳити зист табдил ёфтаанд.
“Дар раванди офаридани пирях ба хулосае омадем, ки роҳнамои муҳандисӣ барои оянда таҳия кунем. Он бояд асосҳои тарҳрезӣ, ҳисобҳои гидравликӣ ва тавсияҳои амалӣ-техникиро дарбар гирад, то пиряхи сунъӣ самаранок истифода шавад”, - мегӯяд коршиносони ин ниҳод.

Қубуркашӣ аз обанбори кӯчак дар поёни пиряхи сунъӣ барои обёрии кишт
Бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи ҳосилшуда ва барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи пиряхҳои сунъӣ дар Қирғизистон, коршиносони ин созмон пешниҳод карданд, ки дар поёни пиряхҳои сунъӣ обанбори хурд сохта ба он қубур насб карда, тавассути он обро бевосита ба заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ баранд. Баъдан аз он об тариқи усули обёрии қатрагӣ барои кишт ё ҳамчун манбаи об барои чорводорӣ истифода кунанд.
“Дар фасли баҳору тобистон оби аз пиряхи сунъӣ ҷоришуда дар обанбор ҷамъ ва дар вақти зарурӣ аз он истифода мешавад. Дар зимистон бошад, ба ташаккули пиряхи сунъӣ мусоидат мекунад”, - зикр карданд мутахассисони ин созмон.

Васли қубарҳо барои обкашӣ аз пиряхи сунъӣ
Оё дар Тоҷикистон офаридани пиряхи сунъӣ имкон дорад?“Аз ҷиҳати техникӣ - бале, дар баъзе ҷойҳои Тоҷикистон ҳатто осонтар аз Қирғизистон аст. Танҳо хоҳиш, ҳисоби дақиқ ва сабру истифодаи самараноки он лозим аст”, - мегӯяд мутахассиси ин созмон.
Абдулҳамид Қаюмов, корманди илмии Маркази омӯзиши пиряхҳо дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳам ба ин назар аст, ки дар кишвари мо имкон ва шарои муносиби офариниши пиряхҳои сунъӣ ҳаст, ҳатто беҳтар аз дигар кишварҳо, аммо он баъди омӯзиши пурра, бо назардошти иқлими минтақа офарида ва самараноку дуруст мудирият шавад.
“Дар болооби рӯдҳои Сурхоб, Хингоб ё Зарафшон, ки дар баландиҳои беш аз 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳранд ва онҷо ҳаво қариб ҳамеша сард аст, офаридани пиряхҳои сунъи бисёр қулай аст. Аммо он бояд пас аз омӯзиш ва коркарди пурра офарида шавад ва имкони мудирияти он фароҳам бошад. Чун дар Тоҷикистон ҳаво зуд тағйир меёбад. Сокинон, фикр мекунам, пурра аз ин истиқбол мекунанд”, - мегӯяд Абдулҳамид Қаюмов.
Ӯ таъкид мекунад, ки ғаяи офаридани пиряхи сунъӣ дар Тоҷикистон нав нест ва мутахассисони тоҷик дар ин бора андеша мекунанд. Аммо кай аввалин пиряхи сунъӣ дар Тоҷикистон офарида мешавад, маълум нест.

Абдулҳамид Қаюмов
Оё пиряхи сунъӣ метавонанд барои ҳифзи пиряхҳои табиӣ кумак кунанд?Мутахссисон ба ин андешаанд, ки пиряхи сунъӣ шояд барои коҳиши обшавии пиряхҳои табиӣ мусоидат кунанд, аммо ба таври фарогир наметавонад ин равандро боздорад. Он бештар барои захираи об ва истифодаи мақсадноки он равона карда мешавад.
Аз ҷумла, мутахассисони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегӯянд, “ҳадафи асосии офариниши пиряхҳои сунъӣ боздоштани раванди глобалии обшавии пиряхҳои табиӣ нест, балки ҷамъоварии об ва истифодаи самараноки он аст. Онҳо ба таври куллӣ наметавонад пеши роҳи обшавии пиряхҳои табииро гиранд, аммо ҳамчун як роҳи кӯчаки ҳал ва мусоидаткунанда хидмат мекунанд”.
“Ин як васила барои мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим аст”, - мегӯянд онҳо.
Абдулҳамид Қаюмов ҳам зикр мекунад, ки андешаи “офаридани пиряхи сунъӣ пеши роҳи обшавии пиряхҳои табииро мегирад” ғалат аст.
“Ҳифзи пиряхҳои табиӣ корҳои бузургмиқёсро талаб мекунад, масалан дарахтнишонӣ ё коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ. Масалан, дар Суис таҷрибаи пӯшонидани рӯйи пиряхо ҳаст, аммо дар Тоҷикистон намешавад аз он истифода кард. Мо бештар аз дарахтнишонӣ истифода мекунем, ки дар шарои Тоҷикистон самараноктар аст”, - гуфт Қаюмов.
Муҳимтар аз ин, ба қавли ӯ, бо ташаббуси Тоҷикистон, ҳоло таваҷҷуҳ ба омӯзишу ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳон афзудааст ва ҷомеа дарк кардааст, ки ин кор то куҷо муҳим аст. Бар илова, бархӯрди илмӣ ба ин масъала низ ҷиддӣ шудааст ва ин ҳама дар дарозмуддат натиҷаовар хоҳад буд.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)