< “Ба сараш бо санг задаанд”. Боздошти ду бародар бо гумони куштори бародари калониашон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“Ба сараш бо санг задаанд”. Боздошти ду бародар бо гумони куштори бародари калониашон

“Ба сараш бо санг задаанд”. Боздошти ду бародар бо гумони куштори бародари калониашон
Ин ниҳод гуфтааст, ин ду мард 38 ва 35 сол дошта, рӯзи 23-юми декабр ҳангоми ҷамъоварии ҳезум бо бародари 40-солаашон дар ноҳияи Шаҳритӯс ҷанҷол кардаанд. Ин муноқиша, ба гуфтаи манбаъ, дар ҳолати мастии бародарон ва бо сабабҳои оилавӣ сар задааст. Ҳамроҳи онҳо як ноболиғи 11-сола ҳам будааст.

ВКД гуфтааст, бародарон якҷо бародари калонии худро латукӯб карда, “бо санги калон ду маротиба ба сараш” зарба задаанд, ки дар натиҷа ӯ ҷон бохтааст.

Ба қавли мақомот, гумонбарон ҷасади бародарашонро дар аввал дар ҷойи ҳодиса гӯр карда, ният доштаанд, ки шабона онро ба манзилашон оварда, ба хок месупоранд. Аммо ҳангоми омадан ба ҷойи ҳодиса дастгир мешаванд.

Ҳоло  алайҳи ин бародарон бо иттиҳоми “одамкушӣ” (моддаи 104 қисми 2 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин иттиҳом аз 15 соли зиндон то ҳабси абадро пешбинӣ мекунад.

Назари ҳарду гумонбар дар робита ба ин қазия дастрас нест.

Дар Тоҷикистон куштори наздикон аз сӯи хешовандонашон ҳодисаи нав нест. Қаблан низ чунин ҳодисаҳо расонаӣ шуда буд. Аз ҷумла се рӯз пеш Вазорати корҳои дохилии кишвар аз боздошти марде хабар дода буд, ки ба гуштори падари 69-солааш гумонбар мешуд.

Дар шарҳи ин ҳодиса мақомот гуфта буданд, ки “падар бо белча ду маротиба ба дасти писари 40-солааш зарба задааст, писараш ба ғазаб омада, бо чангак (барои кофтани оташдон) ба гардану гулӯ ва қисмати қафаси синаи падараш зарба задааст”.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар кишвар дар шаш моҳи  соли равон 28 ҳолати одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷон сабт шудааст.

Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий