Рустам Ятимов дар ҳафтгонаи гаронарзиштарин дарвозабонҳои Осиё
Арзиши бозории Ятимов дар навсозии охир 300 ҳазор евро боло рафта, ба ӯ имкон дод, ки аз ҳамтоёни худ аз Индонезия ва Австралия пеш гузарад. Ин пешрафт мавқеи дарвозабони тоҷикро дар сатҳи қитъавӣ боз ҳам устувортар кард.
Ғайр аз ин, Рустам Ятимов расман гаронтарин дарвозабон дар Осиёи Марказӣ эътироф шудааст. Барои муқоиса, арзиши дарвозабони асосии Ӯзбекистон ҳоло 1,5 миллион евро мебошад.
Дар қисми болоии радабандӣ, бартарии комили Ҷопон дида мешавад. Пешсафи рӯйхат Дзион Судзуки аз «Парма» аст, ки арзишаш ба 20 млн евро мерасад. Ин нишондиҳандаест, ки барои аксари лигаҳои футболи Осиё дастнорас маҳсуб меёбад. Дар идома ҳамватанони ӯ Лео Кокубо аз «Сент-Трюйден» (4 млн) ва Йохей Такаока аз «Ванкувер» (3,5 млн) қарор гирифтаанд. Ба панҷгонаи аввал, инчунин, Эмил Аудеро аз Индонезия («Кремонезе») — 3,2 млн, Кейсуке Осако аз Ҷопон («Санфречче Хиросима») ва Мэтю Райан аз Австралия («Леванте») — ҳар кадоме 2 млн қарор доранд.
Рустам Ятимов дар зинаи 6-ум (1,8 млн) қарор дошта, дар идома дарвозабони зерин ҷой гирифтаанд: — Абдулвоҳид Неъматов аз Ӯзбекистон («Насаф») 1,5 млн евро; — Косей Тани («Матида»), Томоки Хаякава («Касима») аз Ҷопон 1,5 млн евро; — Мартен Паес аз Индонезия («Даллас») 1,5 млн евро; — Ҷо Гаучи аз Австралия («Пор Вейл») 1,4 млн евро; — Риесуке Кожима аз Ҷопон («Касива») 1,2 млн евро; — Брендон Нозава аз Ҷопон («Антверпен»); 1 млн евро; — Бум-Кун Сонг аз Корея Ҷанубӣ («Чонбук Хендэ Моторс») 1 млн евро.
Ин муваффақият на танҳо дастоварди шахсии Рустам Ятимов, балки қадами муҳими футболи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб мешавад.
Сарчашма: varzishtv.tj

Комментарии (0)