< Боришот дар Тоҷикистон кай оғоз мешавад ва ҳавои зимистони имсол чӣ гуна хоҳад буд? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Боришот дар Тоҷикистон кай оғоз мешавад ва ҳавои зимистони имсол чӣ гуна хоҳад буд?

Боришот дар Тоҷикистон кай оғоз мешавад ва ҳавои зимистони имсол чӣ гуна хоҳад буд?
Зимистони солҳои 2025-2026 дар Тоҷикистон нисбат ба солҳои пешин гармтар мешавад. Ин хулосаи асосии пешгӯие аст, ки аз ҷониби Агентии обуҳавошиносӣ барои «Азия-Плюс» ироа шуд.

Ба сурати умум, ҳарорат дар муқоиса бо соли гузашта гармтар мешавад, бахусус дар водиҳо, аз ҷумла вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.
Ҳарорат дар водиҳо 1-2 дараҷа баландтар аз меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад.
Аммо қобили зикр аст, ки дар ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон зимистон хунук мешавад, бо ҳарорати 1 дараҷа поинтар аз меъёр.

Дар ноҳияҳои баландкӯҳ вазъият сангинтар шуда, ҳарорат дар мавзеи Булункӯл метавонад то 23 дараҷа хунук поин равад.
Пешгӯии ҳарорат: чиро метавон интизор шуд?Таҳлили маълумоти ҳавошиносӣ нишон медиҳад, ки моҳи декабри соли 2025 дар водиҳо ва доманакӯҳҳо ҳарорат дар ҳудуди меъёри иқлимӣ (аз -1 то +5°C) ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 1 дараҷа поинтар — дар ҳудуди 1-7 дараҷа хунук мешавад.

Дар мавзеъҳои баландкӯҳ ҳарорат ба таври назаррас поинтар хоҳад шуд — аз 14 то 16 дараҷа хунук.

Пешгӯиҳо барои моҳи январ ва феврали соли 2026 низ ба наздикии ҳарорат ба меъёр дар бисёр минтақаҳо ишора мекунад. Лекин дар ноҳияҳои ҷудогона ҳарорат метавонд 1-2 дараҷа баландтар аз меъёр шавад, ки барои водиҳо ва мавзеъҳои дар пастиҳо қарордошта, масалан вилояти Хатлон хос аст.
Дар ҳамин ҳол, дар ноҳияҳои кӯҳистон ҳарорат аз меъёр поинтар мешавад, бахусус дар моҳи феврал, вақте ки дар кӯҳистон ҳарорати аз 1 то 6 дараҷа хунук ва дар баландкӯҳҳо — то 20 дараҷа хунук эҳтимол дорад.  
Боришот: кам ё зиёд?Дар робита ба боришот бошад, дар маҷмӯъ онҳо дар ҳудуди меъёри иқлимӣ хоҳанд буд. Аммо дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳ боришоти аз меъёр баланд дар назар аст.

Моҳи декабр дар водиҳо аз 39 то 75 мм (дар ноҳияҳои ҷудогона 9-28 мм), дар доманакӯҳҳо — аз 34 то 102 мм, дар ноҳияҳои кӯҳистон — аз 39 то 99 мм боришот пешгӯӣ мешавад. Дар мавзеъҳои баландкӯҳ боришот ба таври назаррас камтар — ҳамагӣ 2-6 мм пешбинӣ шудааст.

Пешгӯиҳо барои моҳи январи соли 2026 боришотро дар ҳудуди меъёр, лекин эҳтимоли зиёдтар будани он дар ноҳияҳои кӯҳистон ишора мекунанд. Боришот дар водиҳо аз 39 то 75 мм, дар доманакӯҳ ва ноҳияҳои кӯҳистон — мутаносибан аз 34 то 102 ва аз 39 то 99 мм пешгӯӣ мешавад.

Дар мавзеъҳои баландкӯҳ боришот ба таври назаррас кам мешавад — 2-6 мм. Дар рӯзҳои ҷудогона шамол аз самти ғарб бо суръати то 17-22 м/сония мевазад, инчунин фаромадани туман аз эҳтимол дур нест.

Дар моҳи феврали соли 2026 боришот дар ҳудуди меъёр бо имкони зиёд будани онҳо дар ноҳияҳои кӯҳистон дар назар аст. Дар водиҳо аз 38-101 мм, доманакӯҳҳо — 37-130 мм, ноҳияҳои кӯҳистон — 37-101 мм ва мавзеъҳои баландкӯҳ — 8-10 мм миқдори боришот интизорӣ меравад.
Шароити атмосферӣ: таъсири мавҷҳо аз ғарбОмили муҳиме, ки ба зимистон таъсир мерасонад гардиш ё худ даврзании ҳавои атмосферӣ аст.
Дар назар аст, ки ба давраи зимистон дар Тоҷикистон таъсири мавҷҳо аз самти ғарб ва ҷанубу ғарб бештар хоҳад буд, ки дар мавъзеҳои дар пастӣ қарордошта зимистони муътадили гармро таъмин мекунад.
Бо вуҷуди ин, бар асари таъсири мавҷҳои нисбатан хунук, ҳарорат дар ноҳияҳои кӯҳистон поинтар аз меъёр мешавад.
Хулоса: зимистон чӣ гуна мешавад?Бо бардошт аз натиҷаи таҳлили иқлимӣ ва маълумоти мавсимӣ метавон гуфт, ки зимистони солҳои 2025-2026 дар Тоҷикистон нисбат ба маъмулӣ дар мавзеъҳои дар пастхамиҳо қарордошта гармтар мешавад, дар ҳоле, ки дар мавзеъҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ ҳарорат аз меъёр поинтар хоҳад буд.

Боришот дар ҳудуди меъёри иқлимӣ бо тағйироти начандон назаррас ба самти зиёдшавии он дар мавзеъҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳ ва норасоии он дар водиҳо пешгӯӣ шудааст.

Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий