< Пирӯзӣ муборак: мунтахаби наврасони Тоҷикистон тими Непалро низ бо ҳисоби 7:0 шикаст дод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Пирӯзӣ муборак: мунтахаби наврасони Тоҷикистон тими Непалро низ бо ҳисоби 7:0 шикаст дод

Пирӯзӣ муборак: мунтахаби наврасони Тоҷикистон тими Непалро низ бо ҳисоби 7:0 шикаст дод
Ин сеюмин ғалабаи пайдарҳами мунтахаби наврасони Тоҷикистон аст, ва барои ба даст овардани роҳхати Қаҳрамонии Осиё-2020 гирифтани танҳо як имтиёз барои онҳо басанда аст

Мунтахаби наврасони то 16 солаи Тоҷикистон сеюмин ғалабаи пайдарҳами худро дар марҳилаи муқаддамотии қаҳрамонии Осиё ба даст оварданд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ин навбат футболбозони навраси тоҷик тими Непалро бо ҳисоби 7:0 мағлуб карданд. Акнун дар даври охирин ба тими миллии Тоҷикистон якк имтиёз кифоят мекунад то ин ки роҳхати қаҳрамонии Осиё-2020-ро ба даст оваранд.

Ёдовар мешавем, ки футболбозони тоҷик дар бозии якумашон тими миллии Шри – Ланкаро бо бартарии 8:0 мағлуб намуданд.

Дар даври дуюм  мунтахаби Тоҷикистон тими  Қувайтро низ бо ҳисоби калони 9:0 шикас дод.

Ҳамин тавр мунтахаби Тоҷикистон дар се бозии охираш 24 голро таслими дарвозаи рақибон намудааст. Дар айни замон яккачини кишвар бо касби 9 хол садрнишини ҷадвали гурӯҳи "А" маҳсуб меёбад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий