< Сафири Амрико: “Миёни Вашингтон ва Толибон эътимоди кофӣ вуҷуд надорад” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сафири Амрико: “Миёни Вашингтон ва Толибон эътимоди кофӣ вуҷуд надорад”

Сафири Амрико: “Миёни Вашингтон ва Толибон эътимоди кофӣ вуҷуд надорад”
​Роналд Нюман, ки солҳои 2005–2007 сафири ИМА дар Афғонистон буд, дар суҳбат бо шабакаи «i24» гуфтааст, ки боз шудани сафорати Амрико дар Кобул дар оянда имконпазир аст. Аммо ӯ таъкид кардааст, ки пеш аз чунин иқдом Толибон бояд дар баъзе сиёсатҳои худ тағйирот ворид кунанд.

Ба гуфтаи Нюман, масъалаи муносибат бо занон аз ҷумлаи мавзуъҳоест, ки метавонад барои Вашингтон аҳамияти сиёсӣ дошта бошад. Ӯ бар ин назар аст, ки ИМА набояд танҳо ба ваъдаҳои Толибон такя кунад, балки дар иваз ба ҳар як қадами дипломатӣ аз Кобул амали мушаххас талаб намояд.

Нюман гуфт, агар сафорати Амрико бидуни гирифтани ягон иқдоми ҷавобӣ аз ҷониби Толибон боз шавад, ин метавонад ба Кобул чунин паём диҳад, ки барои тағйири мавқеъҳои худ фишоре эҳсос намекунад.

Дипломати собиқ ҳамчунин, ёдовар шудааст, ки талош барои нигоҳ доштани робитаи сиёсӣ миёни Вашингтон ва Толибон мавзуи нав нест. Ба гуфтаи ӯ, дар давраи музокироти Доҳа низ масъалаи идомаи муносибатҳои сиёсӣ баррасӣ мешуд, дар ҳоле ки Толибон хуруҷи нерӯҳои амрикоиро аз Афғонистон талаб мекарданд.

Нюман ҳамзамон ҳушдор додааст, ки коҳиши таваҷҷуҳи ИМА ба Афғонистон метавонад ҷойгоҳи Вашингтонро дар минтақа заиф кунад. Ӯ гуфтааст, пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ Русия, Чин ва кишварҳои дигари минтақа робитаҳои худро бо Кобул густариш додаанд.
Сафири собиқи ИМА бар ин назар аст, ки Вашингтон барои ба роҳ мондани муносибатҳои устувор бо ҳукумати Толибон бояд аз сиёсати гузаштҳои якҷониба даст кашад. Ба гуфтаи ӯ, ҳар ду ҷониб бояд қадамҳои мушаххас гузоранд ва пешрафти муносибатҳо бар асоси амалҳои мутақобила арзёбӣ шавад.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий