< Украина ва Норвегия тавофуқнома ҳамкории дифоӣ ва амниятӣ имзо карданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Украина ва Норвегия тавофуқнома ҳамкории дифоӣ ва амниятӣ имзо карданд

Украина ва Норвегия тавофуқнома ҳамкории дифоӣ ва амниятӣ имзо карданд
Зеленский рӯзи душанбе, 24-уми август, гуфтааст, ки ӯ ва Йонас Гар Стёре, нахуствазири Норвегия, ҳамчунин, эъломияи ҳамкории стратегӣ миёни ду кишвар бо номи «тавофуқи Элисеф»-ро имзо кардаанд.

Ба гуфтаи Зеленский, асноди имзошуда заминаи ҳамкории дарозмуддат миёни Украина ва Норвегияро дар бахшҳои дифоъ, энержӣ ва афзоиши тобоварии мардуми ду кишвар тақвият мекунад.

Зеленский аз идомаи ҳимояти Норвегия аз Украина ва ихтисоси ҳудуди 9 миллиард доллар барои соли 2027 низ истиқбол кардааст.
Гуфтанӣ аст, ки Норвегия аз оғози ҷанги Русия ва Украина бо кумакҳои молӣ, дифоӣ ва энержӣ аз Украина ҳимоят карда ва бар идомаи ин пуштибонӣ таъкид доштааст.


Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий