< ФИРЕФТАИ ИФРОТГАРОЁН НАШАВЕМ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ФИРЕФТАИ ИФРОТГАРОЁН НАШАВЕМ

ФИРЕФТАИ ИФРОТГАРОЁН НАШАВЕМ
Аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурӣ хусусан, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хос доранд. Миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ нахустин шуда дар Тоҷикистон Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ба тасвиб расида, баҳри таҳсил, кору фаъолият дар соҳаҳои гуногун ва зиндагии, арзандаи ҷавонон шароити зарурӣ фароҳам омад. Истиқолият ва Ваҳдат ба ҷавонон пеш аз ҳама, шароити зиндагӣ дар давлатӣ соҳибихтиёрро фароҳам овард. Истиқлолият заминаи истиқлоли фикрии ҷавононро поягузорӣ намуд, ки дар дурнамои дарозмуддат барои расидан ба ҳадафҳои милли мусоидат мекунад. Барои ҷавонон интихоби озоди омузиши касбу хунар, ҳатто дар хориҷи кишвар таҳсил намудан фароҳам омад. Ҷавонони азизи мо инро бояд эҳсос кунанд ва дар пешрафту шукуфоии кишвари худ қувваю неруи худро сарф кунанд. Бо шарофати Ҷаноби Олӣ, Пешвои муазами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони соҳибилму соҳибмаърифат, соҳибистеъдоду лаёқатманди мамлакат ҳамаҷониба пуштибонӣ ёфта, мавқеи худро дар ҷомеа пайдо намуданд.
Имрӯз маро ҳамчун як шахсияти комилҳуқуқ, рафтори баъзе ҷавонон ба ташвиш меорад, ки зиндагии хубу осоиштаро як су гузошта ру ба корҳои нораво рӯ меоранд. Ҷиҳоди бофтаву авомфиребонае, ки оқибаташ маргу фаност. Ман сабаби ҷалб шудани ҷавононро ба сафи ифротгароён дар он мебинам, ки бештари онҳо на аз дониши динӣ ва на аз дониши дунявӣ бархурдор ҳастанд. Асосан ба ду омил онҳоро шахсиятҳои нопок ва ифротгароию терористӣ бештар ба худ ҷалб мекунанд. Яке омили иқтисодӣ, дигари омили идеалоги. Масалан таваҷҷуҳи ҷавононро ба сомонаҳои иҷтимоии «Фейсбук» ва «Однаклассники» ҷалб намуда, онҳоро ба ҷои лозима сафарбар мекунанд ва ба онҳо мегуянд. Шумо барои ҷиҳод дар роҳи худо омадед, аз падару модари худ руи гардонед, чунки онҳо кофир ҳастанд. Бубинед ва худ қазоват кунед, ки ин суханхо чӣ қадар фаҳшу иғвогаронаанд.
Аммо айни ҳол одамоне пайдо шудаанд, ки мехоҳанд хоки ватанамонро ба хун олуда ва домани поки модари моро доғдор намоянд. Аз ин ру мо ҷавонон бояд бештар аз пештар хушёру бедору ватандуст бошем. Чунин фарзандони хушахлоку хушсират дар оилаҳои соҳибмаърифат, боақл ва бозаковат тарбия меёбанд ва дар мактабу ҷомеаи солим хаматарафа сайқал меёбанд. Пас моҷавононро дар руҳияи башардӯстӣ, меҳнатдустӣ, накукорӣ, ватандӯстӣ бояд тарбият намоем. Онҳо дар фазои орому осудаи ин ватан ба таъриху тамаддуни худ аз наздик ошно шаванд, ру ба худшиноси оранд, худро чун соҳибватану соҳибмулк шиносанд ва дар рушди кишвари маҳбуби худ саҳми босазо гузоранд. Бо ифтихор метавон гуфт, ки ҷавонон самти фаъолияти худро дар зиндаш дуруст интихоб мекунанд. Онҳо неруи бузурганд ва метавонанд дар дифоъ аз арзишҳои миллӣ саҳми босазо гузоранд.
Имрӯз ҷавонон ҳамин бахтро доранд, ки кишвар ором аст ва агар худашон битавонанд аз донишу хушашон баҳра баранд, зиндагии беҳтаре барои худ хоҳанд сохт. Ватанро дуст доштан, ба он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу суббот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан аз чумлаи арзишҳое мебошанд, ки шаҳрвандоди мо бояд онхоро дастури зиндагии харрузаи худ қаpop диҳанд ва итминони комил дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем.
Дар баробари ин бо дониши амиқ, ҷаҳонбинии фароху андешаи мустақил ва бо масъулияти баланди шаҳрванди бояд қарзи фарзандии хешро дар назди хадқу Ватан эҳсос намуда, ҷомеаро ба пеш ба сӯи ободиву пирузиҳои нав барем.

Каримова Сабоҳатхон

Комментарии (0)

Оставить комментарий