< Бонки ҷаҳонӣ роҳбурди нави шарикӣ бо Тоҷикистон то соли 2032-ро нашр кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Бонки ҷаҳонӣ роҳбурди нави шарикӣ бо Тоҷикистон то соли 2032-ро нашр кард

Бонки ҷаҳонӣ роҳбурди нави шарикӣ бо Тоҷикистон то соли 2032-ро нашр кард
Шӯрои мудирони Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барномаи нави ҳамкорӣ бо Тоҷикистон барои давраи солҳои 2026-2032-ро баррасӣ кардааст.

Барномаи нав ба дастгирии иқтисодии Тоҷикистон, баланд бардоштани устувории кишвар ва беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудааст. Ҳамчунин, ба дастгирии бахши хусусӣ ва таъсиси ҷойҳои кории босифат таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст.
Бонки ҷаҳонӣ зикр мекунад, ки Тоҷикистон тайи солҳои ахир ба коҳиши назарраси сатҳи камбизоатӣ ноил гардид. Сатҳи камбизоатӣ аз 56% дар соли 2010 то камтар 20% тайи солҳои охир коҳиш ёфтааст. Дар ҳамин ҳол, иқтисоди кишвар мисли пешина ба интиқоли маблағ аз ҷониби мууҳоҷирон вобастагии шадид дошта, ба хавфҳои беруна, офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим осебпазир боқӣ мемонад.
Роҳбурдия нав аз се афзалияти ба ҳам алоқаманд иборат аст:

Афзалияти якум, густариши дастрасӣ ба нерӯи боэътимод, дастрас ва аз лиҳози экологӣ тоза. Дар ин самт ба бахши энерҷӣ аз ҷумла дастгирии сохтмони НБО «Роғун» таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.
                                                                    
Дар ҳуҷҷатҳои Бонки ҷаҳонӣ нерӯгоҳи «Роғун» ба сифати яке аз лоиҳаҳои калидӣ барои амнияти энерҷии Тоҷикистон ва рушди содироти нерӯи барқи тоза арзёбӣ мешавад.                                                              
Афзалияти дуюм, ташаккули қувваи ҳирфаӣ ва солими корӣ. Барои ин дар барнома дастгирии соҳаи маорифу тандурустӣ, рушди малакаҳо, таъминот бо об ва беҳдошт пешбинӣ шудааст.

Афзалияти сеюм, ҷалби сармоягузорӣ баҳри таъсиси ҷойҳои кории босифат. Дар доираи ин бахш, ислоҳот дар бораи ба беҳбуди муҳити корӣ, дастгирии бахши хусусӣ, рушди хадамоти молиявӣ, иқтисоди рақамӣ, бахши кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.
                                    "                                          
Ҳадафи фарогири роҳбурд баланд бардоштани устуворӣ ба таконҳои гуногун мебошад. Сухан дар бораи хавфҳои иқтисодӣ, иқлимӣ ва дигар хатарҳо меравад. Дар ҳуҷҷат, чораҳо дар бораи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, баланд бардоштани омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва рушди низомҳои ҳифзи иҷтимоӣ ҷудогона зикр шудаанд.
                                         
Барнома тариқи равиши «One World Bank Group» амалӣ мешавад. Ин маънои онро дорад, ки дар он сохторҳои гуногуни Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок мекунанд. Анҷумани байналмилалии рушд ё IDA ба кишварҳо маблағгузории имтиёзнок пешниҳод мекунад. Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ё IFC бо бахши хусусӣ кор мекунад. Оҷонсии бисёрҷониба дар робита ба кафолатҳои сармоягузорӣ ё MIGA ба сармоягузорон аз хавфҳо кафолат медиҳад.

Роҳбурди нав инчунин ба Роҳбурд ё Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 мутобиқ аст. Он бо назардошти ташхиси доимӣ, назарпурсиҳои афкори умум ва машваратҳо бо ҳукумати Тоҷикистон, шарикони рушд, намояндагони бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои илмӣ таҳия шудааст.
                                                                    
Дар ҳуҷҷатҳо зикр шудааст, ки зимни пешбурди ислоҳот барнома барои Тоҷикистон метавонад то 1,8 млрд доллар захираҳои имтиёзнок ва хусусӣ сафарабар созад. Маблағгузории интизоридоштаи IDA давоми ҳафт сол метавонад то 1,2 млрд долларро ташкил диҳад. Сармоягузориҳои имконпазир, сафарбарсозӣ ва кафолатҳо аз ҷониби IFC ва MIGA метавонанд то 600 млн доллар расанд.                                                              

То ин дам IDA ба 25 лоиҳа дар Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 1,93 млрд доллар маблағгузорӣ намуда, IFC сандуқи сармоягузории 69 млн долларро, ки ҳафт мизоҷ аз бахши хусусиро фаро мегирад, идора мекунад.

Пешрафт дар доираи лоиҳа тариқи 11 нишондиҳандаи Бонки ҷаҳонӣ санҷида мешавад. Миёни онҳо дастрасии сокинон ба нерӯи барқ, рушди энерҷии барқароршаванда, дастгирии соҳаи маориф ва тандурустӣ, дастрасӣ ба об ва беҳдошт, ҷалби сармояи хусусии ҷалбшуда, истифодаи хадамоти рақамӣ ва молиявӣ, инчунин баланд бардоштани устувории аҳолӣ ба хафвҳои иқлимӣ зикр шудааст.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий