< Мақоми рус: “Номаи саргушодаи Зеленский ба Путин як таҳрики бемаъно буд” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Мақоми рус: “Номаи саргушодаи Зеленский ба Путин як таҳрики бемаъно буд”

Мақоми рус: “Номаи саргушодаи Зеленский ба Путин як таҳрики бемаъно буд”
Ба гузориши хабаргузории «Спутник», Небензя дар ҷараёни суханронии худ дар ҷаласаи Шурои Амният, ки ба дархости Украина ва бо ҳимояти кишварҳои аврупоӣ баргузор шуда буд, эълом кард: «То замоне ки Зеленский бо забони беадабона ва ултиматум бо мо сухан мегӯяд, наметавонем дар бораи музокираҳои воқеӣ суҳбат кунем».

Вай афзуд: «То замоне, ки Зеленский пурра дарк накарда бошад, ки хато кардааст ва барои фиреби дигарон далелҳои зоҳиран мантиқӣ, аммо нодуруст меорад, мо на аз тариқи сиёсӣ ва дипломатӣ, балки аз тариқи низомӣ ба ҳадафҳои худ хоҳем расид».

Намояндаи доимии Русия дар Созмони Милал дар идома бо ишора ба номаи саргушодае, ки Зеленский дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда ва дар он ба Путин пешниҳоди музокироти мустақим дар як кишвари сеюм барои поён додан ба ҷанг дода буд, хотирнишон кард: «Ин иқдоми раиси ҷумҳури Украина ба ҳеч ваҷҳ як ибтикори сулҳ нест, балки яке аз талошҳои ноумедонаи Зеленский барои эҷоди ин тасвир дар расонаҳо аст, ки ӯ хоҳони сулҳ аст, аммо Путин ба он майл надорад».

Небензя дар анҷом ёдовар шуд: «Агар Зеленский хоҳони гуфтушунид аст, бояд пеш аз навиштани чунин нома, аввал фармони раёсати ҷумҳурии худро, ки дар октябри 2022 ҳар гуна музокира бо Путинро манъ карда буд, лағв мекард».

Ба гузориши расонаҳо Зеленский пештар дар номаи саргушода ба ҳамтои руси худ навишта буд, ки ба вохӯрии рӯбарӯ ва барқарории «оташбаси комил» омодагӣ дорад.

Раиси ҷумҳури Украина дар ин нома навиштааст: «Украина ба поён додан ба ин ҷанг аз тариқи ҳамкории мустақим миёни мову шумо пешниҳод мекунад. Ман пешниҳоди як вохӯрӣ мекунам.

Украина барои барқарории оташбаси комил дар тӯли музокираҳо омода аст».

Раиси ҷумҳури Украина дар номаи саргушодаи худ навиштааст: «Мо мебинем, ки Амрико тамоми таваҷҷуҳи худро ба масъалаи Эрон равона кардааст ва ин хато аст, ки интизор шавем таваҷҷуҳи Амрико ба ҷанг дар Аврупо баргардад».

Путин дар вокуниш ба ин нома гуфта буд, ки ҳеч далел барои вохӯрӣ бо Зеленский вуҷуд надорад.
Раиси ҷумҳурии Русия ҳамчунин, таъкид кард, ки ин нома дорои калимаҳои «беадобона» буда ва онро рад кард.


Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий