< Фидон: “Сулҳ дар Украина барои амният ва суботи минтақа ҳаётӣ аст” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Фидон: “Сулҳ дар Украина барои амният ва суботи минтақа ҳаётӣ аст”

Фидон: “Сулҳ дар Украина барои амният ва суботи минтақа ҳаётӣ аст”
​Фидон рӯзи душанбе, 8-уми июн пас аз даҳумин нишасти сеҷонибаи вазирони хориҷаи Туркия, Озарбойҷон ва Гурҷистон дар Истанбул, гуфтааст, ки идомаи ҷанг дар Украина ба гунаи мустақим бар амнияти минтақа таъсир мегузорад.
Ӯ афзудааст, ки Туркия сулҳ дар ҷанги Русия ва Украинаро барои субот ва амнияти минтақа ҳаётӣ медонад ва аз идомаи раванди дипломатӣ барои поён додан ба ин даргирӣ ҳимоят мекунад.

Вазири хориҷаи Туркия ҳамчунон нисбат ба бунбасти мавҷуд дар майдони набард ва раванди музокирот ибрози нигаронӣ карда ва гуфтааст, ки иқдомҳои тарафҳои даргир барои тағйири мувозинат ба суди худ, танишҳоро бештар кардааст.

Фидон дар бахши дигари суханонаш бар аҳамияти ҳамкориҳои минтақаӣ миёни Туркия, Озарбойҷон ва Гурҷистон таъкид карда ва гуфтааст, ки ин ҳамкориҳо ба тақвияти субот, амнияти энергетикӣ ва тавсеаи иқтисодӣ дар минтақа кумак кардааст.

Ӯ ҳамчунон аз раванди сулҳ миёни Озарбойҷон ва Арманистон ҳимоят карда ва ибрози умедворӣ кардааст, ки тавофуқи сулҳ миёни ду кишвар бидуни таъхир имзо шавад.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий