КӮҲИ ТАМАРА РАМЗИ МУБОРИЗА БО БОСМАЧИГАРӢ
Аниқтараш, мувофиқи навиштаи нависандагон Юнус Юсуфӣ дар рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” № 5-и соли 2017 ва Шодӣ Ҳаниф дар китоби “Кӯҳ ба кӯҳ ҳам мерасад”, инчунин дар мақолаи Раҳмат Зайдулло – котиби комиҷроияи собиқ ноҳияи Орҷоникидзеобод ин ақида собит шудааст. Шодӣ Ҳаниф менависад, ки “...вай (Тамара дар назар аст) бисёр духтари ҷусту чолок будааст.Як шаб аз қасди босмачиён бохабар шуда ба ҳамон қулла баромада, дар он ҷо пинҳон шуданӣ мешавад. Босмачиён ӯро таъқиб карда, аз пасаш мераванд ва қулларо печонида мегиранд. Тамара дигар ҷои гурез надошт. Чанд тири босмачиён куртаи сафеди ӯро хуншор мекунад. Тамара аз он ҷо худро бодбарак барин ба зер меафканад...”. Чунин ҷоҳилии босмачиён дар минтақаи Рашт мисолҳои бешумор дорад, ки то имрӯз аз хотираи мардум зудуда нашудааст.
Маркази ноҳияи Сангвор дар доманаи кӯҳи Тамара ҷойгир аст. Имрӯз мо мутмаинем, ки номи ин куҳ барҳақ дар замони бедодгариҳои босмачиён пайдо шудааст. Пас аз ин ҳодиса ҳангоми дуюмбора ба Тоҷикистон ҳуҷум кардани худ Фузайл Махсум ваҳшиёна кормандони ҳизбиву давлатӣ ва муаллимонро несту нобуд мекард. Ана ҳамин Фузайл Махсуми ҷаллод ин зани шуҷоъро дар болои ҳамин кӯҳ оташ мезанад ва мардуми маҳаллӣ аз рӯи эътиқоду дилбастагӣ ба ин зани қаҳрамону муборизи роҳи озодӣ аз зулму истибдод ба хотири бузургдошти номи муаллимаи русзабонашон баъд аз ин воқеа қуллаи назди маркази ноҳияро кӯҳи Тамара меноманд.
Умуман масъалаи босмачигарӣ дар ҷумҳурӣ пас аз изҳороти собиқ раиси ТЭТ ҲНИ, хоини миллат Муҳиддин Кабирии лаънаткардаи халқ, ки ҳизбашро ворисони босмачиён номид, аз нав мавриди баҳсу мунозира қарор гирифт.
Пеш аз ҳама, чунин изҳороти Кабирии беватану фирорӣ гувоҳи ноогоҳӣ, надонистани таърих ва аз ҳақиқат гурехтани ӯст, ки мо онро бо мисолҳои равшан иброз медорем.
Аввалан, бояд зикр намуд, ки дар он солҳои мудҳиш ягон нафаре аз саркардаҳои босмачиён саводи замонавӣ, дунявӣ надошт ва чӣ будани афкори милливу озодихоҳӣ барои эшон торик буд, онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонистанд муборизони роҳи озодӣ бошанд.
Ҳаракати босмачигарӣ характери динӣ дошт ва ҷонибдорони он мардумро ба ду қисмат-мусулмону кофар ҷудо мекарданд. Аслан миллатеро, ки яке аз динҳои ҷаҳонӣ – дини насрониро мепарастад, кофир хондан дуруст нест.
Кабирии лаину хиёнаткор бояд дониста бошад, ки то Осиёи Миёнаро забт намудани Россия, Осиёи Миёна яке аз минтақаҳои ақибмонда, фаромӯшхонаи таърих буд ва сабаби зуд забт шуданаш низ ҳамин қафомонда буд, ки дар ин бора алломаи замон Аҳмад махдуми Дониш дар асарҳояш возеҳу равшан нигоштааст.
Маҳз ҳаракати ҷадидия, ки намояндагони он пайравони Аҳмади Дониш буданд, то дараҷае халқҳои Осиёи Миёнаро аз ҷаҳолати танги динӣ берун оварду саводнок кард.
Дар арафаи барпокунии Ҳокимияти Шӯравӣ бошад қисмати саводноки мардум аллакай бартарии ҳокимияти навро эҳсос намуда, пайваста аз он ҷонибдорӣ намуданд. Агар Кабирии лаъин фаромӯш карда бошад, аввалин декрети Ҳокимияти Шӯравӣ “Дар бораи замин” буд ва он худро ҳокимияти синфи коргару деҳқон эълон дошт, ки аксари мардум ба он бовар кард. Аз ҷумла, мардуми мазлуми Осиёи Миёна аз ин ҳокимият низ якдилона тарафдорӣ намудаанд.
Дар тамоми давраи муборизаи босмачиён бо Ҳокимияти Шӯравӣ онҳо фаъолияте нишон надоданд, ки аз ҳаракати миллӣ – озодихоҳӣ дарак диҳад. Баръакс, танҳо соли 1920 босмачиён дар Ҷумҳурии Туркистон 56 заводи пахтатозакунӣ, 153000 пуд пахта, 34,5 ҳазор тупи пахта ва 17,5 пуд тухмиро оташ заданд.
Баръакс, онҳо ба ғорат ва ҷисман нест намудани фаъолони барпо намудани сохти Ҳокимияти Шӯравӣ, бахусус омӯзгорон машғул буданд. Дар бораи ваҳшонияти босмачиён олимон М. Эркаев, Т.Р. Каримов, Р. Абулҳаев, Б. Искандаров, Р.А. Набиева, Ғ. Ҳайдаров ва дигарон бо далелҳои қотеи илмӣ навиштаанд ва боиси ҳайронист, ки Кабирии бефаросату бефарҳанг онҳоро нодида мегирад.
Сахттарин ҷинояти босмачиён дар он зоҳир ёфта буд, ки онҳо бештар муаллимон ва фаъолони давлатиро қатл мекарданд. Ба далелҳо рӯ меорем. “Дар майдони мавзеи Ҳоит Фузайл Махсум се дор барпо кард ва аввалин касоне, ки ба дор овехта шуданд, се духтари ҳоитӣ буданд, ки якумин шуда фаранҷиро партофта, мехостанд барои хондан ба Ғарм раванд” (М. Эркаев. Барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимяти Советӣ дар Тоҷикистон. Душанбе, Ирфон, 1966, - с. 426). Дар ҷанги зидди Фузайл яке аз аввалин барпокунандагони мактаби нави Шӯравӣ дар водии Рашт Каримҷон Ҳусейнзода паронда шуд. Умуман дар ин ҷанги охирини Фузайл Махсум лаин зиёда аз 29 нафар кормандони ҳизбию шӯравӣ, аксаран муаллимон ҳалок шуданд. (Ҳамон ҷо, с. 428).
Дастаҳои босмачӣ ба нуқтаҳои аҳолинишин ҳуҷум карда деҳқонони поквиҷдонро ғорат ва қатл мекарданд, аъзоёни фаъоли ҳизб, коркунони сохти нави Шӯравӣ ва ҳамаи одамони ба сохти Шӯравӣ ҷонибдорро ваҳшиёна мекуштанд, биноҳою қишлоқҳоро оташ мезаданд, молу мулки аҳолӣ, сарватҳои ҷамъиятӣ ва давлатиро талаву тороҷ мекарданд, занон ва бачагонро бераҳмона мекуштанд.Хулласи калом, тамоми ин ваҳшоният, ғоратгарӣ ва таҳқиру таҷовуз кори муқаррариву ҳаррӯзаи босмачиён буд.
Дар 9 тумани Бухорои Шарқӣ аз соли 1922 то моҳи июни соли 1924 босмачиён 7758 сар асп, 35141 сар ҳайвони калони шохдор ва 104734 сар бузу гӯсфанди аҳолиро ба зӯрӣ кашида гирифта, қисми зиёди онро барои амир ва ҳамсафони ӯ ба Афғонистон равона карданд.
Дар солҳои босмачигарӣ ҳазорҳо хонаҳои истиқоматӣ ва хоҷагиҳо вайрон шуданд, шумораи аҳолӣ хеле кам шуд.
Устод С. Айнӣ дар ибтидои солҳои 20-и асри ХХ мавқеи хешро нисбати воқеоти сиёсии он давр муайян намуда, то охир ба ақидаи хеш устувор монданд. Яъне устод, ки дар давраи тираву тори амирӣ умр ба сар бурда буданд, онро бо сохти нави шӯравӣ муқоиса намуда, аҳамияти охириро барои миллати мазлуми тоҷик дарк намуданд ва тамоми маҳорати хешро барои хизмат ба сохти нави шӯравӣ бахшиданд.
Устод Айнӣ дар баробари нависанда будан, дар таъсиси давлати нави тоҷикон саҳм гирифтанд, асари безаволи устод “Намунаи адабиёти тоҷик” далели муътамаде шуд барои ба ҷумҳурии мустақил табдил ёфтани Тоҷикистон.
Дар баробари ин, бо назардошти он, ки аксари мардум он солҳо бесавод ё камсавод буданд, бо мақолаҳои публитсистӣ дар саҳифаҳои матбуот баромад карда, аҳамияти сохти нав, зарурати ширкати омма дар сохтмони давлати нави коргару деҳқон ва дигар масоили доѓи рӯзро баррасӣ менамуданд.
Яке аз чунин масъалаҳо дар он давра муносибати мардум бо босмачигарӣ буд, ки устод пайваста дар асару мақолаҳои хеш симои ҳақиқии онҳоро нишон медод. Агар мо ба осори устод таваҷҷуҳ намоем, асареро дучор шудан мушкил аст, ки дар он ҳаракати босмачигарӣ маҳкум нашуда бошад.
Устод Айнӣ мақолаи хеш “Бо босмачиёни Фарғона чи гуна мубориза бояд кард”- ро бо суханони зерин: “босмачиён як ҷамоаи дузди яғмогаранд”[1] оғоз бахшида, қайд мекунад, ки босмачиён ба мухторият Қуқанд алоқае надоштанд ва агар мухторият ғалаба ҳам мекард, босмачиён бо он ҳам мубориза мебурданд. Устод дар бораи заминаҳои босмачигарӣ зикр менамояд, ки бедодгариҳои дашнакҳои арманӣ ва муносибати дағалу ғоратгарии бархе аз тарафдорони Ҳокимяти Шӯравӣ сабаби аз ҳукумати нав ҳаросидани аҳолӣ гардид. Айнӣ қайд мекунад, ки “саргузаштҷуёни дигар, ки ба пешаи яғмогарӣ маҳорат доштанд, ба ҳашмати Эргаш ҳамчашмӣ карда, ба атрофи худ маъдуди дузду сар-сариро ҷамъ карда худро “қурбошӣ” ва “бег” ном ниҳода ба пешаи яғмогарии оланӣ (ошкоро) афтодаанд[2].
Дар мақолаи “Босмачиёни Фарғона кистанд”? устод Айнӣ ба таърихи пайдоиши босмачигарӣ дахл карда мегӯянд, ки мустамликадорони рус, рибохорони яҳуд ва муҳоҷирони русу амалдорони маҳаллӣ тамоми боигарии Фарғонаро азхуд намуда, мардумро ба азият кашиданд, ки ин ба дуздиву ғоратгарӣ мусоидат намуд. Дар дигар манотиқ, аз ҷумла дар Бухорои Шарқӣ вазъият боз ҳам бадтар буд. Устод дар ин мақола хулоса мекунад, ки “бо ин ҳама босмачиён на ҳомии дин ва на мухториятхоҳ, на меншевик, балки аз ҳама чиз пештар дузди ғаддор ва яғмогари хунхоранд”.[3]
Устод Айнӣ дар ҳамон давра пешниҳод намуда буд, ки беҳтарин роҳи нест кардани босмачигарӣ ин пурзур намудани ташвиқот дар байни омма ва фаҳмонидани он аст, ки Ҳокимяти нави Шуравӣ баҳри ҳифзи манфиати халқи заҳматкаш таъсис ёфтааст ва босмачиёни ба ном “ғозиву бег” танҳо манфиати шахсии хешро дифоъ мекунанду халос.
С. Айнӣ дар мақолаи дигари худ “ Дуздӣ ва ғоратгарӣ дар Самарқанд” менависад, ки баъд аз инқилоби октябрии соли 1917 дар Россия, дар Самарқанд як муддат ҳокимиятро ба дасти “шӯрои исломия”гузашта, ин Шӯро ҳокимиятро ба дасти дуздон супурд. “Вақте, ки ин дуздон расман мусаллаҳ шуданд, ба ҳар васила дар тохту тороҷи моли мардум кушиданд”[4]. Устод дар мақолаи мазкур қайд мекунанд, ки “милитсияи Шӯрои ислом”, ки аксар аз дуздон ташкил ёфта буд, баъд аз маҳв шудани валинеъматашон, фирор карда, гуруҳҳо ташкил дода, дар тоту този шаҳру саҳро шуруъ намуданд. Ин гуруҳҳо чунон ҷасорат пайдо карданд, ки дар вақти намози хуфтан, ки пас аз ғуруб як соат бештар аст, дар шаҳр чанд ҳавлиро тороҷ карданд. Дар раставу бозори шаҳр шабона ҳуҷум оварда, бист-бист, сӣ-сӣ дуконро ба якбора ба яғмо бурданд”[5].
Дар асари машҳури хеш “Дохунда”, устод Айнӣ ба воқеоти таърихии солҳои 20-уми асри XX такя мекунад. Дар ин асар низ устод Айнӣ мавқеи хешро нисбати босмачигарӣ равшан баён намудааст. Пеш аз ҳама, ӯ замони ибтидои ҳаракати босмачигариро тасвир намуда, дуруягии собиқ амалдорони амирро, ки ба кумитаҳои инқилобӣ – аввалин органҳои ҳокимияти нави Шӯравӣ ворид шуда, мехостанд аз дохил онро нест кунанд, фош мекунад.
Аз ҷумла, ҳангоми аз тарафи Иброҳимбек дар хонаи дӯсташ Арбоб беяроқ намудани 4 аскарро тасвир намуда, мегӯяд, ки онҳо аскаронро танҳо барои он қатл накарданд, ки ба раиси кумитаи инқилобӣ Давлатманбий шубҳа наафтад.
Дар ин романи Айнӣ ҳамкории босмачиёни маҳаллӣ бо афсарони гурехтаи турк, ки дар Осиёи Миёна, бахусус дар ҳудуди собиқ амарати Бухор ҷой шуда буданд, нишон дода шудааст. Масъалаи бо роҳи фиреб тамоми мақомоти милитсияи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухороро ба даст даровардану онро аз гурезаҳои турк пур кардани сарвари онҳо Анварпошшо дар асар воқеъбинона баён шудааст. Сурайё, Анвар ва сонитар Салимпошо дар сафи пеши ин ба ном “муборизон” буданд.
Тавре зикр шуд, ибтидои солҳои 20-ум, аниқтараш соли 1921 амалдорони маҳаллӣ ба мақомоти ҳокимияти нави Шӯравӣ ворид шуда буданд, ва ҳануз муборизаи рӯирост намебурданд. Дар ҳамин давра мардум дар вохуриҳо бо саркардагони босмачиён фикри хешро руирост иброз медоштанд. Аз ҷумла, устод яке аз чунин вохуриҳоро, ки дар деҳаи Шоҳмансури Душанбеи имрӯза баргузор шуда буд, шарҳ дода, қайд мекунад, ки пас аз он, ки мардуми маҳал Иброҳимбекро дастгирӣ накардаанд, ӯ бо аскаронаш шабона деҳаро тороҷ намуда, норозиёнро гушу бинӣ бурид, ва яке аз фаъолони деҳаи Ҳақбердиро, ки рӯирост “мо аз паси дузд намеравем” гуфта буд, ба қатл мерасонад.
Ҳолати аз тарафи Иброҳимбек тарсондани аҳолӣ ва ба зӯрӣ ба дастаи хеш ҳамроҳ намудани ӯ аз тарафи устод Айнӣ хеле воқебинона ба қалам дода шудааст. Устод Айнӣ менависад, ки баъд аз он, ки Куктош, Мавлоно ва дигар қишлоқҳои атрофи Душанбе ҳам монанди қишлоқи Шоҳмансур ҷазо диданд, калоншавандагон: муллоён, зшонон, саркардагон, амалдорон ва баён дар қишлоқи Қарасу сарҷамъ шуда, аҳду паймон баста, Иброҳимро ба худ калон бардоштанд.[6]
Устод Айнӣ базмеро таҳти роҳбарии Иброҳими галӯ шарҳ дода, воқеаи ҳамон шаб аз тарафи босмачиёни дастаи Абдурашиди лақай бузкашӣ шудани Саъдулло ном сокини деҳаи Роҳатиро, ки ҳангоми ба аскарони сурх бурдани ғалла дастгир шуда буд, нақл мекунад. Устод Айнӣ қайд мекунад, ки “ баъд аз нимсоата кашмакаш дасту пою сару гардани Саъдулло аз ҳам ҷудо шуда, танаш монанди хики пурхуне ба замин афтод. Акнун тудакаш мекунем, гуфт Абдурашид, - ҳар кас ин “буз” – ро аз туда бароварда, ба пеши “мири ғозӣ” бурда андозад, молу асбоб ва зани ҷавони ин аз они ҳамон одам аст”[7]. Дар ҳамин ҷо, устод Айнӣ яке аз нанговартарин анъанаи амалдорони он давр бачабозиро нишон медиҳад.
Воқеаи дигаре, ки устод Айнӣ овардаанд, дар бораи дар ш. Кулоб ҷамъ омадани Иброҳимбек, Эшони Султон, Давлатмандбӣ, Абдуқаюмбӣ, Туғайсариѓ, Барот эшимсоқибошӣ ва дигар қурбошиён мебошад. Дар ин маҷлис, ки пас аз Кулобро тарк кардани аскарони сурх сурат гирифт, ҳама якдилона Иброҳимбегро сардор эълон мекунанд. Пас аз сардор интихоб шудан, Иброҳимбег шахсони ба амир содиқ бударо ба руйхати махсус ворид мекунад. Ҳангоми тартиб додони руйхат ӯ аз ҳозирон мепурсид, ки чӣ кори хубе кардаанд. Яке мегӯяд: ман деҳаеро оташ задам, дигаре хирмани гандумро, ман шахсеро ки ба ҷадидон ва болшевикҳо либос медухт, куштам, ман ятимеро, ки баробарӣ мехост аз биниаш овехтам ва ғ. Танҳо нафаре, ки дар наздаш борхалта меистод, хомуш буд. Вақте Иброҳимбег аз ӯ пурсон шуд, ӯ бо ифтихор борхалтаи пур аз гушту бинии одамиро нишон дода мегӯяд, ки инро ман пас аз бозгашт ба амири Бухоро ҳамчун туҳфа ва нишони садоқат ба амир пешкаш мекунам.
Хулоса, адабиёти илмии мавҷуда дар бораи бедодгариҳои босмачиён далелу буҳрони зиёде доранд, ки дар ҳамин асос бояд гӯем, ки ҳаракати босмачигарӣ ҳаракати маърифаткуш буд, зеро аксари қурбониёни аз дасти босмачиён ҳалокшуда, омӯзгорон буданд. Гурӯҳеро, ки зидди маърифатнокии мардум буд, оё ҳаракати миллӣ-озодихоҳи гуфтан мумкин бошад?
Яқин аст, ки Тамара – яке аз аввалин омӯзгорони замони нав буда, туъмаи босмачиёни ҷоҳил гаштааст ва муҳаббату самимияти халқ нисбати ин зани мубориз зиёд буда, меҳри ӯ то абад дар дили халқ ҷой гузидааст. Имрӯз низ дар хотири мардум нақш бастани номи Тамара худ гувоҳи он аст, ки ин зани шуҷоъ ба рамзи мубориза зидди ҷаҳолат ва ақибмондагиву бесаводӣ мубаддал гаштааст.
Тавре, ки Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ фармудааст:
Зиндаю ҷовид монд ҳ-ар ки накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
[1] Айнї С. Кулиёт, Ҷ. 9. С. 185.
[2] Айнї С. Кулиёт, Ҷ. 9. С. 184.
[3] Айнї С. Кулиёт, Ҷ. 9. С. 184.
[4] Айнї С. Кулиёт, Ҷ. 9. С. 186.
[5] Њамон љо. – С.187.
[6] Айнӣ С. , Кулиёт, ҷ. 2. - Сталинобод, 1960.- с. 324.
[7] ( С. Айнӣ, Кулиёт, ҷ. 2 Сталинобод, 1960.- с. 329.
Комментарии (0)