Саворе, ки лоф ораду гуфтугӯй...
Ба таърих ва ҳодисаҳои муайяни он бо гузашти солҳо барои ошкор намудани ҳақиқатҳои ниҳонаш зиёиён, равшанфикрон борҳо назар мекунанду фарзияву хулосаҳои худро мебароранд. Аммо агар ин гуна нигоҳҳо бо чашми хирад набошад, таърих на танҳо ҷаҳолати назаркунандагонро ошкор месозанд, балки бо таҳлилҳову андешаҳову хулосаҳои нодурусташон мардумро ба гумроҳӣ ва кӯчаҳои сарбаста мебаранд.
Аксар вақт дар бораи чӣ хуб асту чӣ бад аст зиёиён сухан мегӯянд. Барои ҳамин ҳам зиёиро ақли халқу миллат мегӯянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатареро, ки аз ҳаёҳуҳо ба сулҳи тоҷикон меравад, возеҳ дар Паёми имсолааш ба Парлумон ироа кард, ки :” Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки душманони миллати тоҷик ба сари мо таҳмил карда буданд, ҳаргиз фаромуш намекунем ва ба итминон изҳор медорем, ки мардуми мо дигар ба доми душманону бадхоҳони миллат, ки то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразноки худ накашидаанд, гирифтор намешаванд.”
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатареро таъкид кард, ки “Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-умиасри гузашта, фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгароии динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд. Ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд”.
Ин таъкиди Президенти кишвар ба он вобаста аст, ки дар замони ҳозира “хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳон афзоиш ёфтааст.”
Ташвише, ки Пешвои миллат аз вазъияти ҷаҳони муосир , аз ҷумла:”Кӯшишҳои аз нав тақсимкунии ҷаҳон , мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ...ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашониданианд” дорад ва муносибати дурбинонаи ӯ нисбати ин воқеаҳо чунин ақидаашро пеш меоранд, ки :” Диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму эксремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад.
Агар ба таърих назар кунем, дар замони давлатдории Сомониён, ки Фирдавсӣ бо нигориши “Шоҳнома” оғоз карда буд, ҳадафаш ин буд, ки қавми мо худшинос бошаду дар пойдории давлаташ истодагарӣ карда тавонад. Аз ин ҷост, ки Ҳаким Фирдавсӣ ба ишора ба Маҳмуди Ғазнавӣ менависад:
Зи паймон бигарданду аз ростӣ,
Гиромӣ шавад кажжию костӣ.
Пиёда шавад мардуми ҷангҷӯй,
Саворе, ки лоф ораду гуфтугӯй.
Кишоварз ҷангӣ шавад беҳунар,
Нажоду гавҳар камтар ояд ба бар.
Рабояд ҳаме ин аз он, он аз ин,
Зи нафрин надонанд боз офарин.
Ҳакими ояндабин на дар шикасти зоҳирӣ, балки дар шикасти худшиносии деринаи қавмаш буд ва ба ин матлаб ишораҳои хеле ҷонсӯзе дорад дар ҳамон нома меорад:
Равону забонҳо шавад пурҷафо,
Ба гетӣ касро намонад вафо.
Зи Эрону аз Турку аз тозиён,
Нажоде падид ояд андар миён.
На Эрон, на Турку на тозӣ бувад,
Суханҳо ба кирдори бозӣ бувад.
Аммо афсӯс, ки хилофати араб сиёсати қавмкуши худро ботадриҷ бо воситаи шоҳони ҷоҳил , аз ҷумла Маҳмуди Ғазнавӣ дар ҷаламрави мардуми эронинажод пиёда кард ва барои пирӯзии ин сиёсати кушанда ба истилоҳи Ҳаким Фирдавсӣ “динро пеш овард.”
Афсӯс, ин ақидаи Ҳаким Фирдавсӣ, яъне “динро пеш овардан”-и душманони миллат дар замони ҳозира равшан мушоҳида мегардад.
Бобоев Элмурод, сармуаллими кафедраи
педагогӣ ва табиию риёзӣ
Комментарии (0)