Кабирӣ аз мурдаи Нурӣ истифода мекунад
Аз мурдаҳо ҳам ба манфиати худ истифода кардан ба як амали маъмулии раҳбари ташкилоти террористии наҳзатӣ табдил ёфтааст. Ин дафъа Кабирӣ ба баҳонаи солгарди вафоти собиқ раҳбари ТТЭ ҲНИ Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо хабарнигорони сомонаҳои ифротӣ мусоҳибаи ғаразноке анҷом додааст.
Дар аввали мусоҳиба хабарнигори сомонаи ифротӣ вафоти Нуриро як “реҳлати ғамангез” ва худи уро “чеҳраи барҷастаи динӣ ва илмиву сиёсии Тоҷикистону минтақа ва байналмилалӣ” меҳисобад. Хеле хандаовар ва манфур аст.
Мо ба мурдаҳо кор надорем, лекин ҳақиқатро бояд баён кунем. Нурӣ дар таърихи 8 августи соли 2006 “мурдааст” гуфтан даркор асту бас. Ягон хел чеҳраи динию илмии ҷаҳонию минтақавӣ ва тоҷикистонӣ набуд. Агар чунин олиму “чеҳраи барҷаста” мебуд, ба мардуми худ бадбахтию ҷанг намеовард. Магар 150 ҳазор мардуми Тоҷикистон, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ аз дасти наҳзатиҳо кушта шуданд, реҳлати ғамангез надоштанд? Ё ҷони Нурӣ ҷон буду ҷони ҳазорон марду зан ва ҷавонону пиронсолони замони ҷанг қатлшуда ҷон набуд?
Акнун таваҷҷуҳ мекунем ба нақли Кабирӣ дар бораи аввалин шиносоиаш бо Нурӣ, ки исботи амалҳои ҷиноятии онҳо аст. Худи вай нақл мекунад, ки ба дидори устодаш, ки нав аз зиндон баромада буд рафтааст. Яъне гап дар бораи робитаи ду ҷинояткор меравад, ки яке устоду дигараш шогирд будаанд. Вай сабаби вориди зиндон шудани Нуриро дар он замон “фаъолияти зидди Шӯравӣ” ном мебарад, ки аҷиб аст. Аниқ мардумро гумроҳ карданӣ аст. Зеро ҳамаи мо медонем, ки мардуми тоҷик ягон хел ҳаракати зидди Шӯравӣ надошт. Балки Нурӣ ва чанд тан аз ҳамроҳонаш дар соли 1987 барои фаъолияти ифротгароёна зиндонӣ гардида буданд.
Ин як найранги Кабирӣ аст, ки ҷиноятҳою хиёнатҳояшро бо истилоҳҳо ва мафҳумҳои дигари барои мардум ҷолиб руйпуш мекунад. Масалан, дар идомаи суҳбати худ қайд мекунад, ки “дар байни мо ҷавонон, солҳои охири даҳаи 80, тоза андешаҳои истиқлолхоҳӣ шакл гирифта буд”. Аммо дар асл ҳаракати онҳо ягон хел истиқлолхоҳӣ набуд. Балки онҳо бо истифода аз тағйир ёфтани вазъияти собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо дастури неруҳои манфиатдори хориҷӣ як ҳаракати зиддимиллӣ ва зиддидавлатиро созмон дода буданд, ки мақсади ғасби қудрати сиёсӣ ва дар оянда барпо кардани низоми теократиро дошт. Кабирӣ Нуриро ба сифати “як инсони соҳиби фикру идея” тавсиф мекунад. Аммо кадом фикру идея? Ҳамоне ки дар натиҷаи татбиқ шуданаш дар соли 1992 кишварамон харобазору мардуми зиёдаш кушта шуд? Қобилияти фикрронӣ намедошт беҳтар мебуд.
Худи Кабирӣ иқрор мешавад, ки ҳануз солҳои ҳаштодум аъзои як маҳфили нимапинҳонии донишҷӯӣ будааст. Боз ҳам сухани бемантиқу хандаовар. Нимапинҳонӣ чӣ маъно дорад? Ё Кабирӣ мисли шутурмурғе буд, ки бо эҳсоси хатар сари худро ба хок меандозаду ақибаш дар берун мемонад? Беҳтар нест, ки рости гапро гуем? Ягон хел ташкилоту созмонҳои пинҳонии донишҷӯӣ дар Тоҷикистон набуд ва буда ҳам наметавонист. Аз худ ҳар гуна қаҳрамону партизан тарошидан даркор нест. Дурусташ он аст, ки Кабирӣ аз тарафи мубаллиғони наҳзатӣ бо сабаби мазҳабии ифротӣ буданаш аз ҳамон давра ҷалб гардида буд. Дар байни донишҷӯёни дигар таблиғот мебурд.
Аз сабаби он ки Кабирии манфиатҷу ва фурсатталаб ба дили Нурӣ роҳ ёфта буд, уро барои таҳсил ба Донишгоҳи Санъои Яман ва баъд ба Маскав мефиристад. Яъне дар замоне ки раҳбарияти наҳзатӣ садҳо ҷавонони дигарро гумроҳ карда, ба сангарҳо кашонданду боиси қатл ё гуреза гардидани онҳо шуданд, Кабирӣ дар хориҷа буд. Аммо Кабирӣ амалҳои бадтар аз силоҳбадастонро анҷом медод. Ҷавонони зиёдеро ба Яман барои таҳсил дар таълимгоҳҳои шубҳанок интиқол дода ҳам пули онҳоро мегирифт ва ҳам сафи ифротиёни наҳзатиро афзоиш медод. Дар Маскав бошад, ҳамчун як таблиғгари наҳзатӣ фаъолият дошт.
Дар бораи кадом тарҳи музокироту сулҳе ҳам сухан гуфтааст, ки гуё эҷод кардаасту тавассути Зайд Саидов ба Нурӣ фиристода бошад. Шарм намедорад ё девона аст? Худро мумкин муаллифи тарҳи сулҳи тоҷикон эълом карданист?
Дар ин мусоҳибаи сохтаю бофта ва пур аз дуруғ аз ҷониби хабарнигор ва Кабирӣ гуё як чеҳраи коризмотик будани Нурӣ ва дорои инсофу ҳикмат буданаш таъкид мегардад, ки хеле манфур аст. Кадом коризмотику инсофу ҳикмат? Ё инҳо дар бораи ягон каси дигар суҳбат кардаанд? Агар инсофу ҳикмат медошт, давлатро ба харобазор табдил намедод, мардумро зидди ҳамдигар намешуронд ва ҷангро роҳандозӣ намекард.
Ва дар ташкилёбиии наҳзат мардуми тоҷикро ҳамроҳ кардани Кабирӣ найранги дигари уст. Агар мардуми мо охири замони шӯравӣ ба маънавияту диндорӣ ташнагӣ дошта бошад, ҳам пайрави наҳзатиҳо набуд. Касе аз идеологияи коммунистӣ дар Тоҷикистон хаста набуд. ТТЭ ҲНИ як тарҳи неруҳои хориҷӣ буд, ки дар Тоҷикистон татбиқ карда буданд. Нурӣ, Ҳимматзода, Кабирӣ ва ғайра олоти дасти онҳо буданд ва ҳастанд, ки ҳар кадом то рӯзи фарсуда шуданашон истифода мегарданд ва баъд канор гузошта мешаванд.
Дар ҷавоб ба саволи хабарнигор оид ба ҷангро оғоз кардани Нурӣ ва баъд розӣ шудани вай ба сулҳ Кабирӣ боз ҳам дуруғ мегуяд ва аз устодаш як шахсияти сулҳдӯст сохтанӣ аст. Аммо сабаби солҳои навадум бар зидди мардуми худ силоҳ гирифтани Нурӣ ва баъд ба раванди сулҳ ворид гардидани вай дигар аст. Аз як тараф Нурӣ дар тасмимгириҳояш мустақил набуд, балки тибқи дастури хоҷаҳояш амал мекард. Аз ҷониби дигар вай дар соли 1992 вобаста ба вазъияти хароби кишвар ва умуман ҳудуди Иттиҳоди Шӯравии собиқ гумон дошт, ки бо зурӣ ба қудрати сиёсӣ мерасад ва ҳадафҳои нопокашро амалӣ менамояд. Аммо дар соли 1997 вазъият тамоман дигар буд. Дар Тоҷикистон Ҳукумат алакай қавӣ буд ва мардум аз мақсаду мароми наҳзатиҳо огоҳ шуда буданду чеҳраи аслии онҳоро шинохта буданд. Ҳамлаҳои террористонаи онҳо дар қисмати куҳистони кишвар ҳам дигар таъсиргузор набуданд. Инчунин дар Афғонистон ҳам вазъият тағйир меёфт ва мавқеи раҳбарияти наҳзатӣ якҷоя бо хоҷагонашон танг шуда буд. Аз ҳама асосӣ он замон раванди хусусигардонии моликият дар Тоҷикистон шуруъ гардида буд. Нурӣ, Кабирӣ ва дигар наҳзатиҳои манфиатҷу аз соҳиб шудан ба моликият дар кишвар бенасиб монданӣ набуданд. Барои ҳамин ба бастани Сулҳ розӣ шуданд. Баъди дар соли 1997 дубора ворид гардидан ба Тоҷикистон ва пайдо кардани ҳуқуқи фаъолияти озодонаи расмӣ раҳбарони наҳзатӣ бо пулҳои бар ивази ҷони ҳазорон ҷавонони тоҷик ба даст овардаашон дар кишвар иншоотҳои зиёдеро бо нархи арзон хариданду аз худ карданд. Масалан, Нурӣ соҳиби “Олами кудакон”, Тураҷонзода соҳиби заводи пахтаи шаҳри Ваҳдат, Кабирӣ соҳиби бозор дар шаҳри Турсунзода шуданд (шумораи ин гуна иншоотҳо хеле зиёд аст). Аммо фаромуш набояд кард, ки тамоми ин иншооту корхонаҳо бо пули халқ дар замони Шӯравӣ сохта шудаанд. Инҳо бошанд бо рехтани хуни халқ соҳиби ин дороиҳо гардидаанд.
Кабирӣ бешармона иброз медорад, ки гуё Нурӣ барои ҳимояи Ватан ва мардум силоҳ бардошта бошад ва дар бораи сулҳҷу буданашу 10 фоизу як фоиз қиссасозӣ мекунад. Дар баробари ин ба Сарвари давлат ноҷавонмардона туҳмат мезанад. Аммо ҳоло ҳама чиз равшан аст ва мо комилан огоҳем, ки ҷанги дохилиро дар соли 1992 маҳз наҳзатиҳо бо сарварии Нурӣ шуруъ кардаанд. Ҳамин сухани Нурӣ буд, ки ба пайравони гумроҳаш гуфта буд, ки “шумо аз силоҳ тир кушоед, малоике ҳастанд, ки он тирро ба ҳадаф мерасонанд”. Ҳадафи Нурӣ ва ҳамроҳонаш мардуми тоҷик буд, на каси дигар. Нурӣ Тоҷикистонро харобу оғуштаи хун кардааст. Вай бар зидди ягон душмани хориҷӣ наҷангида буд, балки муқобили Ватани худ хиёнаткорона силоҳ бардошта буд.
Дар ҷавоб ба саволи хабарнигор оид ба он ки “ба унвони яке аз наздиктарин афрод ба Нурӣ, маслиҳатҳои сиёсиро дар мавозеи эшон таъсиргузортар медидед ё усул ва андешаҳои исломиро?” Кабирӣ гапи бисёр мезанаду бо суханҳои тумтароқ устодашро васф мекунад. Аммо мо аз ин суханҳо чунин хулоса мекунем, ки Нурӣ ҳамеша мутобиқи манфиати худ амал кардааст ва муқаддасоту манофеи дигарон барояш арзиш надоштааст. Маълум мегардад, ки манфиатҷӯӣ ва фурсатталабию маккорӣ дар Кабирӣ бо таъсири ҳамин устодаш шакл гирифтаанд.
Дар мавриди иртиботи Нурӣ ва умуман наҳзатиҳо бо Эрон дигар ҳама чиз маълум аст ва ин сафсатаҳои Кабирӣ ба дард намехуранд. Саъдии Шерозию “Гулистон”-и ӯ ин ҷо ягон дахле надорад. Дар ин маврид танҳо манфиатҳои ғаразнок ҳастанду халос. Манфиати Нурию Кабирӣ, манфиати он кишвар ва ғ. Ва дар мавриди кумакҳои он кишвар, ки Кабирӣ ёдоварӣ мекунад. Маъмулан, як давлат ба давлати дигар расман кумак мекунад. Аммо вақте як давлат ба як ташкилоти алоҳидаи кишвари дигар ва он ҳам мамнуъу зиддимиллӣ кумак мерасонад, ин дахолат ба корҳои дохилии давлати дигар номида мешавад.
Кабирӣ таъкид мекунад, ки Нурӣ шахси амалгаро буд ва афсус мехурад, ки ӯ аз худ осору таълифот боқӣ нагузоштааст. Воҳима мекунад, ки чеҳраи байналмилалӣ буд. Бечоранолӣ мекунад, ки гуё имрӯз ба вай зулм шудааст ва Ҳукуматро туҳмат мекунад. Аммо рости гапро гуфтан даркор аст. Нурӣ чӣ ҳам менавишту таълиф мекард? Чӣ тавр бар зидди мардуму Ватани худ силоҳ бардоштанро? Ё тарзи харобазор кардани кишварро? Шояд усулҳои қатли олимону муаллимонро? Дар сари вай ба ғайр аз фикри ғасби ҳокимият ва ба даст овардани молу пул чизи дигаре набуд. Ягон хел чеҳраи байналмилалӣ набуд. Балки як террористи байналмилалӣ гуем хато намешавад. Кадом зулм шудааст ба Нурӣ? Ё Кабирӣ мехоҳад, ки ҳайкали Нуриро дар дасташ силоҳ созем? Охир ғайри ҷангу хунрезӣ мо “хизмати” дигари уро надидаем. Агар дар зери Созишномаи сулҳ имзо гузоштанашро дар назар дошта бошад, пас он аз маҷбурӣ буд ва сабабҳояшро дар боло зикр кардем.
Кабирӣ зимни суҳбат воҳимаю дуруғро ба авҷаш расонда, густохона мегуяд, ки “баъди марги Нурӣ сулҳ ятим монд”. Мо мегуем, ки сулҳи Тоҷикистон, ки натиҷаи талошҳою заҳмати Сарвари давлат ва мардуми мост, доимо устувор мемонад. Ин Кабирии тангназару ҷоҳил аст, ки баъди марги устодаш ятим мондааст.
Аммо ба назари мо агар Нурӣ зинда ҳам мебуд, тарзи рафтори ТТЭ ҲНИ дар солҳои охир ҳамин тавре мебуд, ки ҳаст. Зеро ҳам Нурӣ ва ҳам Кабирӣ дар тасмимгириҳои худ мустақил набуданду нестанд. Инҳо ҳамчун абзори дасти терроризми байналхалқӣ дастури сарпарастони худро иҷро мекунанд. Ғайр аз ин нафс ва талош барои ғасби қудрат инҳоро ҳамеша ба содир кардани ҷинояту хиёнат таҳрик медиҳад. Масалан, дар соли 2015 агар ба ҷойи Кабирӣ устодаш Нурӣ ҳам мешуд, инҳо кушиши табаддулот мекарданд. Зеро бо роҳи расмӣ, яъне ширкат дар интихобот ҳаргиз ғолиб нахоҳанд шуд. Охир ба террорист кӣ овоз медиҳад?
Парвизи Мирзо, коршиноси сиёсӣ
Комментарии (0)