
25.07.2019 сол тахминан соати 07:00 дақиқа шаҳрванд Одинаев Ёсинҷон Маҳмадович 1974 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Қумсангир, деҳаи Орзӯ ба ШВКД муроҷиат намудаст, ки ҳангоми ба а/м шахсиаш тамғаи “Камаз” р/д 39-93 НН/03, бор кардани қум аз талу теппаҳои ҳудуди ҷ/д Панҷ, деҳаи Шоликори, 1-адад автомати “Калашников” тамғаи “АКМ” қутраш 7,62 мм ва 6-адад тирдон пур аз тир дар зери қум дарёфт намудааст. Мувофиқи маълумотномаи ШТК РВКД дар вил.Хатлон таҳти №501 аз санаи 26.07.2019 сол силоҳи мазкур ва 6-адад тирдон истеҳсоли саноати буда, аз сабаби шикастани қуттимил ва қундоқ дар ҳолати занголуд ва пусида қарор дошта, аз ҷиҳати техникӣ ба талабот ҷавобгӯй набуда, барои истифодабари корношоям мебошанд. Силоҳи мазкур ба ШВКД дар вил. Хатлон барои нигоҳдорӣ супорида шудааст.
Комментарии (0)