< ФИРОР АЗ ҶОЙ САДАМА » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ФИРОР АЗ ҶОЙ САДАМА

ФИРОР АЗ ҶОЙ САДАМА
29.07.2019 шаҳрванд Толибова Замира Раҳматуллоевна 1977 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Чортеппа, деҳаи Маърифати ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-1 муроҷиат намуд, ки санаи 18.07.2019 сол тахминан соати 07.00 дақиқа ронандаи а/м тамғаи “Опел-Астра” р/д 49-19 АА/01, шаҳрванд Мансуров Хуршед Исматуллоевич 1992 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Ҳисор, ҷ/д Деҳқонобод, деҳаи Ҳоҷамуссо, ҳангоми ҳаракат  кардан дар шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор, воқеъ дар ҷ/д Чорякорон, деҳаи Чорякорон назди дидбонгоҳи доимамалкунандаи РБДА ВКД духтари ноболиғаш, Бекова Дилноза Олимовна 2009 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҳамон ҷойро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа ноболиғ, Бекова Д.О ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст. Барои муайян ва дастгир намудани шаҳрванд Мансуров Х.И.чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий