< ҚАЛЛОБ ДОЛЛАРҲОРО ГИРИФТА ДИГАР БАРНАГАРДОНД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҚАЛЛОБ ДОЛЛАРҲОРО ГИРИФТА ДИГАР БАРНАГАРДОНД

ҚАЛЛОБ ДОЛЛАРҲОРО ГИРИФТА ДИГАР БАРНАГАРДОНД
25.07.2019 шаҳрванд Сатторов Азамат Раҳмоналиевич 1988 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯчаи Борбад х.93/3, ҳ.25 ба ШВКД ноҳияи Сино-2 муроҷиат намуд, ки санаи 19.09.2018 сол дар маҳаллаи 82-юми ш.Душанбе  шаҳрвандон Кучаров Шералӣ Нуралиевич 1976 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи маҳаллаи Гулбутта х.б/р ва Муҳиддинов Сафар Исроилович 1985 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи деҳаи Булёни-поён х.19, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои тиҷорат 27.000-доллари ИМА-ро гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидаанд. 

25.07.2019 шаҳрванд Шукуров Раҳим Аслиддинович 1965 с/т, миллаташ тоҷик, ҷойи кораш ҶСК “Комерс Бонк”, истиқоматкунандаи кӯчаи Ҳисор х.81/1, ҳ.20 ба ШВКД ноҳияи Сино-2 муроҷиат намуд, ки моҳи майи соли 2015 дар маҳаллаи 82-юми ш.Душанбе  шаҳрванд Азизов Қобил Қозихоҷаевич 1964 с/т, миллаташ тоҷик, ҷойи кораш ҶДММ “МИФ”, истиқоматкунандаи кӯчаи И.Ваҳҳобҷонов х.15, ҳ.1, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои тиҷорат 10.000-доллари ИМА-ро гирифта, 1.000-доллари ИМА-ро дода, боқимонда маблағашро то ҳол барнагардонидааст. 
Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истодаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий