< Дар шаш моҳ дар вилояти Суғд беш аз ҳазор километр роҳ таъмир шудааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар шаш моҳ дар вилояти Суғд беш аз ҳазор километр роҳ таъмир шудааст

Дар шаш моҳ дар вилояти Суғд беш аз ҳазор километр роҳ таъмир шудааст
Мақомоти вилояти Суғд иттилоъ додааст, ки дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 1000 километр роҳҳои вилоят таъмиру навсозӣ шудааст

Бино бар иттило дафтари матбуови вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли равон дар вилояти Суғд 1116,9 километр роҳ таъмир шудааст.

Тавре манбаъ қайд намудааст ки 50,6 километр таъмири асосӣ шуда, 353,8 километр таъмири ҷорӣ ва 712,5 километр шағалпӯш шудааст. 

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки масълини соҳаи нақлиёту коммуникатсия барои корҳои иҷрошуда ҳамагӣ 35,4 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст.

“Аз ҳисоби буҷети вилоят ба ин мақсадҳо 19,9 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардида, 26,1 км роҳ, аз ҷумла 22 км аз таъмири асосӣ ва 4,1 км аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд”, -гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ зикр намудааст, ки дар соли ҷорӣ таъмиру тармими 2166,8 км роҳ ба нақша гирифта шудааст. Тибқи нақша имсол 108,4 км роҳ таъмири асосӣ, 923,9 км таъмири ҷорӣ ва 1073,5 км шағалпўш карда мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий