< ОБУ ҲАВО: имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 38+40 дараҷа гарм мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 38+40 дараҷа гарм мешавад

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 38+40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ҷумҳурӣ  ҳаво камабри бебориш шуда,  ҳарорат дар шаҳри Душанбе  ба 38+40 дараҷа мерасад.    

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.     Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20 ва рӯзона 31+36 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 5+10 ва  рӯзона 19+24 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва   рӯзона    25+30  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо  суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Тӯфони  чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 37+42  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 30+35  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри   бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Дар  баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23  ва рӯзона 35+40  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 30+35  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш  мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 18+20 ва  рӯзона 38+40  дараҷа гарм мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий