ИСБОТ : ТТЭ ҲНИ ва «ДИИШ» БО ҲАМ ПАЙВАСТАНД.

Дини мубини ислом мухолифи ифротгароиву тероризм мебошад, зеро имкон надорад, ки дине бе унвони раҳмат барои башарият нозил шаваду дубора ҷонибдоронашро ба сўйи қатлу куштор даъват менамояд. Мо метавонем Қуръонро мавриди мутолиъаи худамон қарор диҳем ва мушоҳида мекунем, ки Қуръон мухолифи хушунату хунрези ва қатлу ғоратгари мебошад. Ислом аз замони нузулаш ба шариатро ба самти меҳру вафо ва дўстию меҳрварзи даъват мекунад ҳадафи асли мабъусияти пайғамбари ислом Муҳаммад (с) ин наҷоти инсоният аз зулму ситамкори буд. Зеро замоне, ки дар Арабистони Сауди мардум духтарони худро аз рўйи ҷоҳилият зинда ба гур мекарданд ва қабила ба қабила садсолаҳо бо ҳам меҷангиданд. Ҳазрати Муҳаммад (с) мабъус шуд то онҳоро наҷод диҳад аз ин ҷост, ки пайғамбар дар ибтидои нузулаш фармуда буд «ман ба унвони муаллим фиристода шудам то инсонҳоро дарси ахлоқ биомузонам»
Мо набояд аз воқеаҳои нохуши ҷаҳони ислом бетараф монем, зеро ин нооромиҳои Шарқи наздик ба Ватан номус ва ҷони мо таҳдид мекунад. Душманони қасамхурдаи мо шабу рўз хоб накарда ба ҳар роҳу восита аз дури мехоҳанд миллати моро дубора ба эҳсосоти динӣ кашида амният ва суботи ҷомеъаро ноором созанд.
Аз хориҷ истода ба василаи баъзе фарзандони гумроҳшудаи худамон тариқи шабакаҳои иҷтимои ба халқи азиз таҳдид карда ва ҷавононро ба роҳи хунрези ба самти табадуллоти давлати даъват мекунанд. Нақша доранд, ки ба воситаи ҷавонони ноогоҳ мардумро дубора ба майдони мухолифат ба сохти Конститутсионии давлат кашида садҳо кудаконро ятим ва садҳо занҳоро беваю модаронро ҷигарсузи фарзанд кунанд.
Террористони хориҷӣ то ба имрў чеҳраҳои ваҳшонияти худро ошкор бо силоҳ нишон медиҳанд, аммо ба фарқ аз террористони кишварамон, ки дар забон тиловати Қуръону дар тан буруку кастум гирифта дам аз бунёди ҳизби исломӣ зада мардумро гумроҳу парешонҳол мекунанд.
Баромади телевизиёнии мулло Аёмиддин шаҳодат аз он медиҳад, ки хатари террористони ТТЭ ҲНИ сахтар аз терористони «ДИИШ» мебошад. Зеро террористони «ДИИШ» аз сиёсати духура истифода мебаранд. Террористони ТТЭ ҲНИ саркардаҳояш дар хориҷ аз кишвар ба чашми ҷаҳониён хок пошида шогирдонашонро ба сўйи амалҳои террористию ваҳшоният мефиристанд. Аҷоибиаш дар ин аст, ки вақте дар ҳолати амалҳои террористи дастгир мешаванд ва мапқомот исбот мекунад, ки аъзоёни ҳисби террористии ТТЭ ҲНИ мебошанд дар ҳол роҳбарияташ ин амалро гуё маҳкум карда ва эълон медоранд, ки фалони чанд моҳ пеш аз сафи Ҳҳ пеш аз сафи ҲНИ Т берун шудааст.
Солҳои 1988-1999-ум-ро дар ёд дорем. Пайваста аз давлату Ҳукумат интиқод карда мардумро то солҳои 1992, ба муқобили сохти Конститутсионии давлат бо шиорҳои исломи ва таъсиси майдоне ба номии «Шаҳидон» барангехтанд.
Дар ҷаҳони имрўза ташкилотҳои терористии бешумор амал мекунад, ки ваҳшитарини онҳо «далати исломии Ироқу Шом» мебошад. «ДИИШ» худро ҳомии дини ислом меномад ва ҳамеша аз номи ин дини мубин сухан мегуяд. «ДИИШ» ва ТТЭ ҲНИ дар охирҳои соли 2017-ум ба супориши хоҷагонашон ба ҳам аҳдупаймон бастанд ва махсус барои ноороми да Тоҷикистон исботи ин гуфтаам аз баромади телевизиони собиқ аъзои шурои сиёсии ҳизби терористии ТТЭ ҲНИ «Мулло Аёмуддин» ва баъди дастгир шудани як зумра аз ҷавононе, ки даст ба куштори сайёҳони хориҷӣ задаанд мебошад. Хуб диқат диҳем замоне, ки мақомоти қудрати қотилони сайёҳонро дастгир карда ва исбот шуд, ки онҳо дар рон таълим гирифта будаанд ва аъзоёни наҳзат буданд, билофосила ҳампаймонашон «ДИИШ» навори қаблан сабт шудаашонро барои руйпуши чеҳраи разили ТТЭ ҲНИ дар шабакаҳои иҷтимои паҳн карда ва ин амалиётро ба души худ гирифта мехоҳад ба ин васила ҳизби террористии «ҲНИ Т»-ро истисно кунанд.
Бо ҳам пайвастани ҳизби террористии ТТЭ ҲНИ бо ҳизби террористии «ДИИШ» ва онҳам маҳз ба хотири ноороми дар Тоҷикистон шаҳодат аз он медиҳад, ки миллати тоҷик аз нақшаҳои паси пардагии хориҷиҳо огоҳ шуда, намегузаранд, ки касе ба ороми ва суботи кишвар нохун дароз кунад.
Тамоми уламои исломи кишварамон ва пайравони мазҳаби имоми Аъзам дар дохил ва хориҷи кишвар муқобили ҳизби террористии наҳзати исломии Тоҷикистон баромад намуда иброз медорад, ки «Ислом аз ибтидо барои комил кардани ахлоқи инсоният нозил шудааст ва мардумро ба самти шинохти офаридгор даъват мекард на ба самти курсиву мақом аммо ин як гурўҳ имрўз дар ҷаҳон исломро ба самти сиёсат равона карда ва мардум аз моҳияти ахлоқ ва инсоният дурр мондаанд».
Хулоса моро зарур аст, ки Ҳушёри ва зиракии сиёсии худро аз даст надода пайваста аз нақшаҳои шуми душманонамон огоҳ бошему бо мақомоти қудрати ҳамкори намоем нагузорем, ки давлати ободу оромамон ба мисли Сурияву Ироқ табдил гардад пайваста аз суханони асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон гуш дода насиҳати гуфторҳояшро самашқи ҳарузаи зиндагии худ қарор диҳем.
Давлатов Аҳмадхуҷа.
Комментарии (0)