< Ҷоизаи навбтие барои аблаҳон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҷоизаи навбтие барои аблаҳон

Ҷоизаи навбтие барои аблаҳон

Аҷоиб корномаҳои аблаҳона доранд имрӯз наҳзатиҳо, аслан ҷои тааҷҷуб ҳам нест дар ин амалҳояшон, зеро ҳамагон аз он бохабаранд, ки пешвоёни зархариди онҳо мехоҳанд бо ҳар гуна роҳҳо пайравони худро зиёд кунанд. Ва ин ҷоизаи навбатие барои қадршиносии аблаҳони баркамолрасида, ки аз қалами ноҳақи худ истифода бурда, барои сиёҳ намудани сиёсати имрузинаи кишвар саъю кушиш менамоянд, таъсис дода шуд.

Пас суол ба миён меояд, ки ҳавасмандкунии онҳо чи гуна сурат мегирифта бошад? Бо кадом маблағ? Оё бо ҳамон маблағе, ки дар вақташ аз Тоҷикистон бароварда буданд ва ё бо маблағгузории хоҷагони хориҷӣ, ки нияти барбод додани сулҳу субот ва амнияти мамлакатамонро доранд, аз ҳисоби онҳост?

Ба фикрам ин суолҳо бе посух хоҳанд монд. Фақат метавон дар ин бобат мо худқазоват кунем, ки оё фасодшавии фазои сиёсии мамлакат аз тарафи хоҷагони хориҷӣ сурат мегирифта бошад ва ё аз тарафи як гурӯҳ собиқ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нафъи иқтисодии хешро бештар аз дигарон хоҳонанд. Албатта, дастгирии сиёсати иғвогаронаи Аврупову Амрикоро ва боз дигар мамлакатҳои хориҷа дар мадди назар аст, ки бо маблағгузориашон як гурӯҳ одамонро фирефтаи пулу мол гардониданд, ба монанди Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки барои дасисаву иғво қалами худро фасод намудааст.

Чун бузурге гуфтааст: “Ҳақиқат ниёз ба қадршиносӣ надорад, ҳақиқатро подош эътироф аст”. Пас дигарон бояд зиракиро аз даст надода, ба мукофотҳои пуливу молии таъсисдиҳандагони ин ҷоиза фирефта нашаванд ва нагузоранд, ки бо таъсиси ин ҷоиза шумораи фирефтагон зиёд шаванд. Аз ҳама аламовараш ин аст, ки барои мақсади зишташон номи неки бонуи ҳуқуқшиносро истифода карданд, ақалан ба шахсони марҳум раҳм мекарданд, зеро Файзинисо Воҳидоваро ҳамагон ҳамчун зани поксиришт медонистан ва истифодаи номи ин шахс аз рӯи адолат нест. Инро Сайидюнуси Истаравшанӣ бояд медонист, ки ҳатто дар таъсиси ҷоиза ҳам аз чорчубаи қонун баромада, ҳуқуқи муаллифиро поймол кардан, ин камоли ахмақист. Зеро бе розигии Ф. Воҳидова, ки худ ҳуқуқшинос буд, номгузории ин ҷоиза худ қонуншиканиест, пас, ки ба ин нохалафон иҷозат дод, ки оиди ҳуқуқу қонун ва адолат сухан кунанд.

Як суол ҳеҷ оромам намегузад, ки оё рӯзе раҳгумзадагон аз роҳашон бозмегардида бошанд, зеро онҳо ҳам дар ин сарзамин хуни нофи худ рехтаанд ва Худо накунад, ки рӯзе аз кори худ даст кашанду аллакай дер шуда бошад. Чун умри одам гузарову, лек парво аз он надорад, пас фардоро интизор намебояд ва ислоҳ имрӯз бояд шуд.

Аҷаб, расме дорад одами зод,
Ки умраш меравад, парво надорад.

Бигзор онҳо ҳам рӯзе, аз ин роҳашон бозгарданд, чун имрӯз бе онҳо ҳам фитна дар ҷаҳон басанда аст. Пас чи ҷои шубҳа кардан, ки ҳақ аз ҷониби кист? Аз ҷониби он нест, ки аз дур фитнаангез аст, балки ҳақ аз ҷониби он аст, ки амалаш ибратомез аст.

Фаридун Ходибоев устоди ДДХ ба номи академик Б. Гафуров

Комментарии (0)

Оставить комментарий