Афзоиши духтароне дар Қирғизистон, ки мехоҳанд бакоратро барқарор кунанд

Пизишк мегӯяд аксари духтарон, ки бештар дар интернет фаъол ҳастанд, пеш аз тӯй ба шаҳват дода мешаванд ва баъд мехоҳанд барои барқарор кардани бакорат ҷарроҳӣ кунанд
Дар Қирғизистон шумораи духтароне, ки мехоҳанд тариқи ҷарроҳӣ бакораташонро барқарор кунанд, афзудааст. Дар ин бора духтури занона Аида Арстанбекова дар суҳбат бо радиои Sputnik Қирғизистон гуфт.
"Барои гузаронидани ҷарроҳии гименапластика (барқарор кардани бакорат) бисёриҳо муроҷиат мекунанд, вале омори дақиқ дар ин самт нест. Ҳамкоронамон аз дигар табобатхонаҳо дар ин бора мегӯянд. Пештар чунин муроҷиатҳо тамоман набуд. Бо пайдо шудани интернет духтарон хабар ёфтанд, ки мешавад, тариқи ҷарроҳӣ бакоратро барқарор кард", - шарҳ дод Арстанбекова.
Бештари духтарон барои шавҳар кардан аз ин намуди ҷарроҳӣ истифода мекунанд.
Комментарии (0)