< Даргузашти Султони Ҳамад - хабарнигори варзидаи тоҷик » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Даргузашти Султони Ҳамад - хабарнигори варзидаи тоҷик

Даргузашти Султони Ҳамад - хабарнигори варзидаи тоҷик
Султони Ҳамад, хабарнигор ва шореҳи шинохтаи тоҷик имрӯз дар синни 68-солагӣ даргузашт.

Хешовандонаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ шоми 6-уми июн дар хона ва дар миёни фарзандону дигар наздиконаш ҷон додааст. Фарзандаш Аҳмад гуфт, ки Султони Ҳамад гирифтори саратони меъда буд ва тайи 8 моҳи ахир аз ин беморӣ бисёр ранҷ кашидааст.

Хабарнигори шинохтаи тоҷик дар охири солҳои 90-ум, сухангӯи Комиссияи оштии миллӣ, як ниҳоде буд, ки тарафҳои даргирро ба ҳам овард ва роҳҳои хотима додан ба ҷангу ба кишвар баргардонидани паноҳҷӯёни тоҷик аз хориҷро баррасӣ мекард.

Султони Ҳамад, ки солҳои 1992 то 1997 ҳамроҳ бо даҳҳо ҳазор паноҳандаи тоҷик дар Афғонистон зистааст, соли 2004 ҳамчун хабарнигори Радиои Озодӣ боз ба ин кишвар сафар кард ва наздик ба як сол аз он ҷо барои шунавандагони ин расона гузориш медод. Тайи ин муддат ӯ бо бисёре аз раҳбарону сиёсатмадорони Афғонистон, аз ҷумла президенти ин кишвар Бурҳонуддини Раббонӣ, Қаҳрамони Миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, ҳамсангарони ӯ Муаҳммадфаҳими Қасим, Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва дигарон аз наздик ошно буд.

Моҳи феврали соли 2005 ӯ дар раҳоии ду афсари нерӯҳи марзбонии Тоҷикистон, ки аз тарафи қочоқбарон рабуда шуданд, саҳм гирифт. Вай ҳамчунин дар моҳи апрели ҳамон сол сафари расмии серӯзаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Афғонистон ба гунаи муваффақ бозтоб дод. Ӯ дар маросиме ҳузур пайдо кард, ки дар он шоҳи собиқи Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ ба Эмомалӣ Раҳмон нишонаи "Аҳмадшоҳи Масъуд"-ро ҳамчун рамзи сипос аз мардуми афғон тақдим намуд.

Пас аз поёни давраи корияш дар Афғонистон Султони Ҳамад ба Душанбе бозгашт ва муддате шореҳу коршиноси Радиои Озодӣ буда, дертар торнамои иттилоотию фарҳангии “Рӯзгор”-ро бунёд гузошт ва ҳам машғули корҳои фарҳангӣ шуд. Ӯ муддате барои Радиои Озодӣ дар Душанбе ва шаҳри Кобул ҳам кор кардааст. Султони Ҳамад ҳамеша ба таҳқиқ ва бахусус ба омӯзиши осори ҳунарии Аҳмад Зоҳир, овозхони маъруфи афғон машғул буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий