Тоҷикистон ва Британияи Кабир густариши ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатарро баррасӣ карданд
Ба гузориши АМИТ «Ховар», ҷонибҳо татбиқи лоиҳаи «Мусоидат ба муҳоҷирати бехатар ва танзимшаванда аз Тоҷикистон ба Британияи Кабир"-ро барои рушди ҳамкории дуҷониба муҳим арзёбӣ кардаанд.
Дар ҷараёни мулоқот гуфта шудааст, ки дар доираи ин лоиҳа низоми иттилоърасонӣ, хатти доимоамалкунандаи машваратӣ, курсҳои омӯзиши забони англисӣ, баланд бардоштани саводнокии молиявӣ ва барномаҳои омодагӣ пеш аз сафар барои муҳоҷирони меҳнатӣ роҳандозӣ шудаанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин, масъалаи ҷалби бештари корфармоёни бритониёӣ ва фароҳам кардани имкониятҳои бештар барои сафарбар кардани шаҳрвандони Тоҷикистон ба корҳои мавсимиро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Дар поёни мулоқот, намояндагони ду кишвар омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти рушди муҳоҷирати меҳнатии муташаккил, бехатар ва қонунӣ ба нафъи ҳар ду давлат таъкид карданд.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)