Хуруҷи артиши Амрико аз Курдистони Ироқ суръат гирифт
Ба гузориши расонаҳои ироқӣ, манобеи огоҳ рӯзи душанбе гуфтаанд, ки аввалин бор дар чанд ҳафтаи гузашта ҳамаи дарвозаҳои асосии пойгоҳи ал-Ҳарир аз субҳ боз шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, ин иқдом ҳамзамон бо тадбирҳои густурдаи амниятӣ барои таъмини ҳаракати сеюмин корвони хуруҷи неруҳои амрикоӣ анҷом шудааст.
Бар асоси ин гузориш, корвон аз даҳҳо мошини боркаши ҳомили контейнерҳо иборат буда, таҷҳизот ва лавозимоти логистикии артиши Амрикоро интиқол медиҳад.
Манобеи огоҳ мегӯянд, ки бештари неруҳои мустақар дар пойгоҳи ал-Ҳарир то кунун онро тарк кардаанд ва қисми қобили таваҷҷуҳе аз таҷҳизоти фаннӣ, аз ҷумла сомонаҳои радарӣ, низ ҷамъоварӣ шудааст.
Ба гуфтаи ин манбаъҳо, агар раванди кунунӣ идома ёбад, ҳузури низомии Амрико дар пойгоҳи ал-Ҳарир эҳтимол то поёни моҳи август ба таври комил хотима хоҳад ёфт.
Шабакаи «Ал-Арабия» ду рӯз пеш низ аз оғози хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Курдистони Ироқ хабар дода буд. Ба гузориши ин расона, ин иқдом дар чорчӯби бозсозии ҷойгиршавии неруҳои Амрико ва поён додан ба ҳузури густурдаи низомии ин кишвар дар Ироқ анҷом мешавад.
Бо вуҷуди ин, Вазорати дифои Амрико то кунун дар бораи ҷузъиёти ин таҳаррук, шумори неруҳои хориҷшуда ва ҳаҷми таҷҳизоти интиқолёфта изҳори назари расмӣ накардааст.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)