Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд
Муште аз хоки оромгоҳи Нусратуллоҳ Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, қаҳрамонони Тоҷикистон ва Нисор Муҳаммад, яке аз бунёдгузорони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд.
Хабарнигори «Азия-Плюс» аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар дод, ки зарфҳоеро, ки хоки турбати ин се чеҳраи таъсиргузори таърихи муосири Тоҷикистон дар онҳо буд, субҳи имрӯз, 19-уми май, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе қабул кард ва ба онҳо адои эҳтиром гузошт.
Қарор аст дар масҷиди ҷомеи шаҳри Душанбе ба номи Имоми Аъзам намози ҷанозаи онҳо баргузор шавад ва дар он Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ширкат кунад. Пас аз он, хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд.

Муште аз хоки маҳалли дафни Нусратуллоҳ Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммадро, ки дар оромгоҳи Донскойи шаҳри Маскав қарор дорад, рӯзи 18-уми май Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон қабул кард.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки овардани хоки рамзии ин бунёдгузорони Тоҷикистон «таҷассумгари пайвастани маънавии чеҳраҳои таърихӣ бо Меҳан аст, ки ҳаёти худро ба хидмати мардум бахшиданд».

Ин ниҳод гуфт, иқдоми овардани хоки рамзӣ аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистон бо дастури бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, «рӯйдоди муҳиме дар партави сиёсати давлатӣ дар масири барқарорсозии адолати таърихӣ ва ҳифзу арҷгузорӣ ба хотираи миллӣ арзёбӣ мегардад».
Нусратуллоҳ Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад соли 1937, замони таъқиботи сталинӣ бо ҷурмҳои сиёсӣ дар Маскав ба қатл расиданд. Онҳо дар қабрҳои дастаҷамъӣ дар канори ин шаҳр зери хок шуда буданд. Баъди марги Иосиф Сталин, раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ, дар солҳои 1950-1960 парвандаҳои ин ходимони миллат бозбинӣ ва онҳо бегуноҳ эълон гардиданд.
Шириншоҳ ШоҳтемурШириншоҳ Шоҳтемур, Қаҳрамони Тоҷикистон, яке аз бунёдгузорони Тоҷикистони шӯравӣ дар тақсимбандии Осиёи Миёна, бунёд ва сохтмони Тоҷикистон, таъсиси аввалин рӯзномаву нашрияҳои тоҷикӣ, мактабҳои миёна ва олӣ, дифоъ аз ҳуқуқҳои Тоҷикистони ҷавон, ки ҳамеша дар зери тазъиқу фишори пантуркистон қарор дошт, хидмати сазовор анҷом додааст.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ талоши Шириншоҳ Шоҳтемур барои эъмори давлатдории тоҷикон ва саҳмаш дар нигоҳдории тоҷикият бориз арзёбӣ мешавад. Ӯ дар ташкили якумин рӯзномаи тоҷикӣ дар Туркистон — «Овози тоҷик», ки аз моҳи сентябри соли 1924 дар шаҳри Самарқанд нашр мешуд, инчунин дар чопи аввалин китобҳои дарсӣ, барои ба забони тоҷикӣ таълим додани бачагони тоҷик дар мактабҳои шӯравӣ хидмат кардааст.
Ин роҳбари хирадманду донишвар дар бунёд ва кушодани макотиб дар ҳама гӯшаю канори Тоҷикистони навташкил ташаббускори асосӣ будааст.
Бо вуҷуди талошу заҳмат баҳри пойдор кардани ҳукумати Шуравӣ ва дар сулҳу амон нигоҳ доштани мардуми тоҷик дар як рӯз фарзанди сарсупурдаи миллат ноҳақ душмани халқ эълон шуд. Ӯ аввал ба ҳабс гирифта шуда, 27-уми октябри соли 1937 ба қатл расонида шуд. Танҳо баъди солҳои тӯлонӣ, авоили солҳои 60-ум бегуноҳ эълон гардид. 27-уми июни соли 2006 ба Шириншоҳ Шоҳтемур унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.
Дар бораи корномаи Шириншоҳ Шоҳтемур дар матлаби зерини «Азия-плюс», ки соле пеш ба муносибати 125-солагиаш таҳия шуда буд, мутолиа кунед: «Куҷое бошам, бо тоҷикон бошам!» Корномаи Шириншоҳ Шоҳтемур дар меъмори давлатдории тоҷикон
Нусратулло МахсумНусратулло Махсум, яке аз шахсиятҳои барҷастаи таърихи сиёсии Тоҷикистон ва аз поягузорони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аст. Ӯ дар марҳилаҳои пурталотуми сиёсӣ, барои гузоштани заминаи давлатдории тоҷикон пайваста талош кард ва номаш дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.

Тоҷикистон дар солҳои 20-уми асри гузашта як ҷумҳурии мухтор дар қаламрави Ӯзбекистон буд, бо талошҳои Нусратулло Махсум ба ҷумҳурии алоҳидаи мустақил дар таркиби Шӯравии он замон табдил ёфт.
Мутаассифона, ӯ низ дар гирдоби таъқиботи сиёсӣ ва мавҷи «душмантарошӣ"-и солҳои 1937 ба дасти золимон афтод ва 1-уми ноябри 1937 ба қатл расонида шуд. Танҳо баъди солҳои тӯлонӣ, дар моҳи декабри соли 1958 бегуноҳ эълон гардид. 27 июни соли 2006 ба Нусратулло Махсум унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.
Нисор МуҳаммадНисор Муҳаммад соли 1897 дар Пешовари Покистони имрӯз, ки он вақт Ҳинди Бартонавӣ ном дошт таваллуд шуда, сипас ба Осиёи Марказӣ фирор мекунад, ки дар ин ҷо ба сатҳи нахустин вазири маорифи Тоҷикистон мерасад. Ба ҷуз ин ӯ намояндаи тоҷикон дар комиссияи маориф Ҷумҳурии Бухоро буд.
Аз назари коргардон ӯ хидматҳои фаровоне барои рушди фарҳангу маорифи тоҷикон кардааст, аммо саранҷом дар октябри соли 1937 ҳангоми бозпурсӣ ба ҷурмӣ ҷосусӣ ва миллатгароии буржуазӣ, бидуни ҳукми додгоҳ кушта мешавад ва ҷасадаш сӯхта мешавад. Алабатта дар солҳои 50-кми асри гузашта сафед мешавад

Нисор Муҳаммад яке аз муаллифони аввалин китобҳои дарсӣ барои мактабҳои тоҷик дар Осиёи Марказӣ буд. Аз ҷумла ӯ дар соли 1923 китобҳои «Арифметика» барои мактабҳои тоҷикӣ ва «Маҷмӯаи рубоӣ ва афсонаҳои тоҷикони Шуғнон"-ро навиштааст. Ӯ барои боз кардани мактаб, китобхона, омӯзишгоҳ ва дигар корҳои фарҳангиву маърифатии тоҷикон дар шаҳрҳои Тошканду Самарқанд ва Фарғонаву Хуҷанду Душанбе корҳои пурарзише кардааст.
Нисор Муҳаммад соли 1922 устоди Донишгоҳои давлатии Осиёи Марказӣ буд, солҳои1926-1929 ва 1930 барои ду бор Нозири халқии маорифи Тоҷикистон ё ба ибораи имрӯз вазири маорифи Тоҷикистон буд. Солҳо 1932 дар Донишкадаи шарқшиносии Маскав устоди риштаи забонҳои урду ва пашту буд.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)