< Аз 90 ба 30 рӯз кам мешавад. Русия муҳлати муоинаи тиббии муҳоҷиронро кам мекунад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Аз 90 ба 30 рӯз кам мешавад. Русия муҳлати муоинаи тиббии муҳоҷиронро кам мекунад

Аз 90 ба 30 рӯз кам мешавад. Русия муҳлати муоинаи тиббии муҳоҷиронро кам мекунад
​Русия муҳлати аз муоина ё ташхиси тиббӣ гузаштани муҳоҷиронро аз 90 рӯз ба 30 рӯз кам мекунад. Ин тағйирот аз 1-уми сентябри соли равон ба иҷро медарояд ва дар сурати дар 30 рӯз аз муоина нагузаштан, муҳоҷирон ҷарима ва аз ин кишвар ихроҷ мешаванд.
Ин тағйиротро Шӯрои Федератсия, палатаи болоии парлумон, пазируфтааст.

Гузаштан аз муоинаи тиббӣ барои дарёфти иҷозатномаи иқомати муваққатӣ ва ё иҷозати кор ҳатмӣ аст.
                                                                    
Ҳоло муҳоҷирон бояд дар давоми 90 рӯз пас аз вуруд ба Русия аз муоинаи тиббӣ гузаранд, то боварӣ ҳосил кунанд, ки онҳо бемориҳои хатарноки сироятӣ, мисли ВНМО надоранд ва ё маводи мухаддир истеъмол намекунанд. Тибқи тағйироти нав, акнун ин мӯҳлат то 30 рӯз кам карда мешавад.                                                               Ғайр аз ин, муҳоҷироне, ки 30 рӯз дар ин кишвар мемонанд, бояд ҳар сол аз муоинаи тиббӣ гузаранд. То кунун муҳоҷирони меҳнатӣ ва хориҷиёне, ки барои муддати тӯлонӣ (беш аз 90 рӯз) вориди ин кишвар мешаванд, вазифадоранд, ки танҳо як маротиба аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

Маблағи муоина аз ҷониби худи муҳоҷирон ё корфармоёни онҳо пардохт мешавад.



Тибқи ин тағйирот, муоинаи тиббӣ танҳо аз ҷониби муассисаҳои тиббии ваколатдор гузаронида шуда, фаъолияти миёнаравон дар ин раванд манъ аст.

Пас аз хатми ин раванд, хулосаи тиббӣ (аз ҷумла дар шакли электронӣ) содир ва дар Системаи ягонаи иттилоотии давлатии тандурустӣ сабт мешавад. Дар сурати муайян шудани бемории хатарнок дар муҳоҷир, муассисаи тиббӣ уҳдадор аст, ки дар давоми 24 соат ба Вазорати корҳои дохилӣ ва «Роспотребнадзор» огоҳинома фиристад.
                                                                    Шаҳрвандони хориҷие, ки аз гузаштани муоинаи тиббӣ саркашӣ мекунанд, аз 25 то 50 ҳазор рубл ҷарима ва аз ҳудуди Русия ихроҷ мешаванд. Илова бар ин, дар сурати сари вақт насупоридани ҷарима, маблағи он ду баробар меафзояд.                                                               Муҳоҷирон ва ё шаҳрвандони хориҷие, ки тартиби муоинаи тиббӣ, аз ҷумла дар 30 рӯз аз ташхис истеъмоли маводи мухаддир, бемориҳои сироятии хатарнок (махсусан ВНМО) намегузаранд, ҷарима мешаванд:
— шахсони оддӣ — аз 25 000 то 100 000 рубл;
— мансабдорон — аз 100 000 то 200 000 рубл;
— ширкатҳо — аз 300 000 то 1 миллион рубл.

Пас аз имзои раисҷумҳури Русия, ин қонун аз 1-уми сентябри соли 2026 эътибор пайдо хоҳад кард.
Кам кардани муҳлати ташхиси тиббӣ барои муҳоҷирон дар ҳолест, ки қаблан, Тоҷикистону Русия ба мувофиқа расида буданд, ки муҳоҷирони тоҷик пеш аз сафра ба Русия дар Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ гузаранд.
Дар Русия ҳамасола садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон машғули кор буда, интиқоли маблағ аз ҷониби онҳо маъмулан дар иқтисоди ҷумҳурӣ нақши назаррас дорад.

Солҳои ахир талабот нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои кор ба Русия меоянд, шадидтар карда шуд. Аз ҷумла, гузаштан аз муоинаи тиббӣ барои тасдиқи гирифтор набудан ба бемориҳои сироятӣ ва истеъмоли маводи нашъаовар шарти ҳатмӣ шуд.
Ҳамчунин, мақомоти Русия тайи ду соли ахир сиёсати муҳоҷиратро шадид карда, барои кормандони хориҷӣ бештар талабот ва маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд. Аз ҷумла, барои қонуншиканҳо руйхати шахсони таҳти назорат таҳия шуда, талабот дар бораи огоҳиномаи электронӣ пеш аз сафар ҷорӣ шуд.


Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий